Пайвандҳои дастрасӣ

Навидҳои варзишӣ


Бегоҳи ҷумъаи 21 апрел дар Сирки давлатии шаҳри Душанбе нахустин мусобиқоти кушодаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи бокси ҳирфавӣ оғоз шуд. Дар рақобатҳо зӯртарин муштзанҳои Тоҷикистон, минҷумла Дилшод Абдуллоев, Сафо Раҷабов, Ҷаҳон Қурбонов бо ҳарифони худ аз Украина Раҳим Мингалиев , Владимир Боровский ва Виктор Зиновйев зӯрозмоӣ мекунанд.

Ҳамзамон дар қасри варзиши «Самандар-асри ХХ1»-и шаҳри Турсунзода мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи каратэ-до ҷараён дорад. Ба гуфтаи Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсиони каратэ-дои Тоҷикистон дар рақобатҳо 165 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Варзоб ширкат меварзанд. Вай афзуд, ғолибони мусобиқот дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Сато Тетсуо, поягузори ин риштаи варзиш, ки моҳи май дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ва хабари охирин барои мухлисони футбол. Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 22 апрел оғоз мешавад. Мирзо Муҳаммадҷонов, ноиби раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бо ширкати дувоздаҳ даста барои понздаҳумин бор баргузор мегардад. Тимҳои «Ориёно»-и Душанбе, «Телеком»-и Қӯрғонтеппа, «Динамо»-и Душанбе ва «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ дастаҳои ҷадиди лигаи олӣ мебошанд. Ва дар нахустин рӯзи мусобиқот «Динамо» бо «Олими Каримзод» рақобат мекунад. Рӯзи якшанбеи 23 апрел «Саройкамар»-и Панҷ бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, СКА «Помир»-и Душанбе бо СSKA-и Душанбе, «Ориёно»-и Душанбе бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо «Телеком»-и Қӯрғонтеппа қувва мезомоянд. Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хима»-и Душанбе аз дуввумин даври мусобиқот ба рақобат шурӯъ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG