Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои ҳамсуд


Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии вазирони умури дохилаи кишварҳои муштаракулманофеъ шурӯъ шуд ва он ду рӯз идома хоҳад ёфт. Интизор меравад, дар ин нишаст мавзӯъи таҳияи бойгонии ягонаи иттилоотӣ дар бораи афроди дар пайгард қарор дошта матраҳ бигардад. Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, пешниҳод аст, ки чунин як маркази иттилоотӣ дар Маскав таъсис бишавад ва куллия маълумот дар бораи афроди муртакиб ба ҷиноят ба онҷо ирсол бишавад. Тоҷикистон беш аз 2.000 нафарро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст ва гуфта мешавад, бештарини ин афрод дар Русия ба сар мебаранд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар баробари масъалаи мазкур, дар ин нишасти дурӯза ҳамчунин, масоили марбут ба ҳамкориҳои ниҳодҳои интизомии кишварҳои муштаракулманофеъ дар роҳи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа баррасӣ мешавад. Бино бар қавли вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар айни ҳол, ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон ҳамкории амиқтар аз ҳама бо Русия доштааст. Самараи ин ҳамкорӣ он будааст, ки дар хоки Русия то имрӯз беш аз панҷоҳ шаҳрванди Тоҷикистон, ки муттаҳам ба ҷиноятҳое будаанд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Тоҷикистон ҳудуди 20 нафарро боздошт ва ба Русия истирдод намудааст. Вузарои умури дохилаи кишварҳои муштаракулманофеъ субҳи имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дидор доштанд.
XS
SM
MD
LG