Пайвандҳои дастрасӣ

Асрори ҷавонии Шаҳром Шабпара


РО:
Мехостам худро ба шунавандагони маҷаллаи Барги Сабз ошно намоед.

Шаҳром Шабпара:
"Ман, Шаҳроми Шабпара, мутаассифона ҳеҷ вақт имконе надоштам, ки биёям Тоҷикистон, битавонам барои шумо бихонам, бубинам, ки шумо хушҳол мешавед, бирақсед ва ман лаззат бибарам. Имсол 41 сол аст, ки ман барои форсизабонҳо ҳунарнамоӣ мекунам. Ман корамро аз соли 1964 оғоз кардаам. Аввалин сафҳаам (пластинка) соли 1964 нашр шуд. Охирин албомам соли 2005-ум бо исми "Оташ".
Орзу дорам дар тамоми муддате, ки ман тарона хондаам, ҳамеша боис шуда бошам, ки шумо хушҳол шавед ва хотироти хуше барои шумо дуруст карда бошам. Ман мутмаинам, ки ҳатман дӯстдорони ҳунари ман дар Тоҷикистон аз албоми "Оташ" огаҳӣ доранд. Ман барои нашри ин албом ду сол заҳмат кашидам. Иншооллоҳ, оҳангҳояшро дӯст дошта бошед:оҳанги Вовайлоро, оҳанги италиявиеро, ки хондаам. Аввалин оҳанги мулоиме, ки хондаам дар ҳамин албом будааст ва намедонам, чӣ гуна бигӯям, ки дӯстатон дорам, ҷуз ин, ки бароятон бихонам он чизеро, ки шумо дӯст медоред."

РО:
Оё огаҳӣ доред, ки дар Тоҷикистон мардуми зиёде оҳангҳои шуморо дӯст доранд?

Шаҳром Шабпара:
"Чанде пеш яке аз дӯстони тоҷикистонӣ ба ман занг зада буд. Ҳоло номаш дар хотирам нест ва лутф намуда, маро даъват кард ба дидори Тоҷикистон. Хеле хушҳол шудам, зеро аз бақияи дӯсттони ҳунарманд, ки омадаанд аз Тоҷикистон, сӯҳбат доштам, аз онҳо суол кардам ва шунидам, ки он ҷо бо ҳунармандон муомилаи хуш доранд ва шумо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед, ҳавои ҳунармандонро доред. Иншоолоҳ ба ҳамин зудиҳо рӯзе шавад, ки ман ҳам равам он ҷо...
Худам набояд бигӯям, вале дигар чорае надорам. Ман, аслан, намедонистам, фикр мекардам, ки дар Тоҷикистон шояд як-ду нафаре бошад, ки робитаашон бо ман хуб аст ё садову мусиқии маро дӯст дошта бошанд, вале бо тамосҳое, ки аз он ҷо бо ман гирифтанд, хеле хушҳолам, мебинам, ки шумо ҳанӯз маро дар ёд доред ва маро фаромӯш накардаед. Мехоҳам биёям як рӯзе он ҷо ва ба ақвли маъруф аз хиҷолати шумо дар биёям, бароятон бихонам чор-панҷ соат. Шумо ҳам бирақседу ман ҳам бихонам..
Эй вой, ки чӣ ҳоле дорам,
Ҳавои диёрро дорам, ....

РО:
Шумо мегӯед, ки аз соли 1964 дар ҳунар ҳастед. Ман он замон дар дунё набудам, вале агар мову шуморо канори ҳам гузоранд, шояд шумо ҷавонтар намоед.......
Шаҳром Шабпара:
"Иттифоқан аз ман ҳам суол шудааст дар ин маврид. Соли 1964 ман дар синни 15-солагӣ аввалин сафҳаамро дар Эрон нашр намудам. Ба ман мегӯянд, ту чаро ин қадар ҷавон мемонӣ?
Ман ба шумо тавсия мекунам, аввалин ин, ки саъй кунед аз шахсоне, ки барои шумо мушкил дуруст мекунанд, фирор намоед. Дуввум ин, ки ғаму ғуссаи пули дунёро нахӯред ва сеюм ин, ки саъй кунед ба дигарон кумак намоед, то шаб вақте мехоҳед бихобед, роҳат бихобед. Мутмаин бошед, хеле ҷавонтар аз синнатон хоҳед буд. ман инро ба шумо қавл медиҳам."
Дар баробари оҳангхонӣ Шаҳроми Шабпара дар чандин филми эронӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Дар филми "Шаби Ғарибон" Шаҳром Шабпара ҳамроҳ бо Гугуш яке аз нақшҳои асосӣ: нақши дуздони ҷавонро офаридаанд.
XS
SM
MD
LG