Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар байни қурбониёни сӯхтори вилояти Маскав тоҷикон нестанд


Бино ба хабари вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаби 20 апрел дар пайи як оташсӯзӣ дар ноҳияи Красногорскии вилояти Маскав 11 нафар ҷони худро аз даст дода, чаҳор тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон хобонида шудаанд.
Ҳамин манбаъ иттилоъ додаст, ки дар шаш хоначаи оҳании ба ҳам пайваст 20 бинокор ба сар мебурдаанд. Коргарон ҳангоми хоб дар соати чори шаб аз дуди оташ нафасгир шудаанд, дар пайи он 11 нафар зинда ба зинда сӯхтаанд.
Ба гуфтаи додситони вилояти Маскав Сергей Василев ҳамаи ҳалокшудагон сокинони бахши марказии Русия, аз ҷумла вилоятҳои Тамбов ва Смоленск ҳастанд. Додситон ҳамчунин хабар дод, ки дар робита ба ҳалокати одамон дар оташсӯзӣ дар ширкати сохтмонӣ бо фарзияи истифодаи ғайримаҷоз аз барқ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.
Қаблан хабар дода мешуд, ки дар байни ҳалокшудагон шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ низ ҳастанд. Аммо ин хабар баъдтар рад шуд. Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод низ таъйид кард, ки дар байни кушташудагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Дар робита ба ҳодисаи ҳалокати коргарон дар вилояти Маскав ёдоварӣ шудааст, ки моҳи феврали соли равон дар ду оташсӯзии шабеҳ дар шаҳру вилояти Маскав 16 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, бо шумули ду зан ва як писарбача ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба омори вазорати ҳолатҳои изтирории Русия тайи се моҳи соли равон дар пайи оташсӯзиҳо наздик ба шаш ҳазор, аз ҷумла 208 кӯдак ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи коршинос Елена Николская аксари кушташудагони сӯхторҳо муҳоҷирони корӣ ҳастанд. Онҳо ба иллати надоштани шароити дурусти буду бош, дар макоҳое маскан мегиранд, ки ба ҳеҷ меъёри беҳдоштӣ ва амнияти фаннӣ созгор нест.
XS
SM
MD
LG