Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда ва Чубайс


Дар арафаи сафари раҳбари ширкати давлатии нирӯи барқи Русия РАО ЕЭС ба Тоҷикистон, ширкати "Барқи Тоҷик", ки ба тозагӣ аз зери итоати вазорати энержӣ хориҷ шуд, қимати фурӯши нирӯи барқро барои аҳолӣ дигарбора боло бурд. Аз 1 апрел ҳар киловатт нирӯи барқ ба аҳолӣ ба қимати 1,6 дирам ва ҳар киловатти болиғ аз меъёри таъйиншудаи 250 киловатт дар соат ба нархи 2,7 дирам фурӯхта мешавад. Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, ки онҳо ҷиҳати ба истифодаи камтар ташвиқ кардани мардум чораи дигар ба ҷуз ин надоштанд.

Дар ҳоли ҳозир нирӯгоҳҳои Тоҷикистон дар шабонарӯз ҳудуди 35 миллион киловатт соат нирӯи барқ тавлид мекунанд, дар ҳоле ки ниёзмандиҳои аҳолӣ ва корхонаҳо ба нирӯи барқ дар шабонарӯз бо дарназардошти лимити мавҷуда дар роҳи тавзеъи барқ 45 миллион киловатт соат ҳисоб шудааст. Танҳо роҳи ворастан аз вартаи ин бӯҳрони энержиро Душанбе дар бунёди нирӯгоҳҳои нав мебинад. Аз ҷумла дар итмоми сохтмони нирӯгоҳи аввали Сангтӯда, ки ҷамъи ҳазинааш беш аз ним миллиард доллар ҳисоб шуда ва чизе бештар аз 200 миллиони лозим барои анҷоми ин сохтмонро Русия тавассути ширкати воҳиди нирӯи барқи РАО ЕЭС ваъда супурдааст.

Раиси ин ширкат Анатолий Чубайс рӯзи 14 апрел аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда дидан кард. Оқои Чубайс дар пайи мулоқоте, ки баъдан дар Душанбе бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дошт, гуфт, саддбандии рӯди Вахшро бояд то моҳи ноябр соли ҷорӣ анҷом дод. Дар чунин сурат, гуфт Анатолий Чубайс, навбати аввали Сангтӯдаи 1 алакай аз моҳи марти соли 2007 ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ мекунад. Вай афзуд, ки мушкилоте, ки мояи норизоияти онҳост, дар ҷараёни сохтмони Сангтӯдаи як барҷой монда, вале ба эътиқоди раиси ширкати воҳиди нирӯи барқи Русия, сохтмони нирӯгоҳ тибқи нақшаи тарҳшуда то 15 апрели соли 2009 пурра ба поён хоҳад расид:
"Вазифае, ки дар пеши мо гузошта шудааст, аз лиҳози ба кор андохтани нирӯгоҳ хеле мушкил аст. Кори сохтмон бо мушкил пеш меравад. Мо эродҳое дар ин маврид дорем ва онро иброз доштем. Мо бояд нақшаро иҷро кунем, вале барои иҷрои нақша мо бояд то моҳи ноябр саддбандии рӯди Вахшро анҷом диҳем. Ва барои ин мо бояд тамоми нирӯи худро сафарбар кунем."

Анатолий Чубайс дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, мушкиле дар масъалаи таъмини сармоя ва кадрҳо аз сӯи Русия вуҷуд надорад ва ҳарду ҷониб дар ин маврид бар тааҳҳудоти худ амал мекунанд: "Дар мавриди сармоягузорӣ мушкиле вуҷуд надорад. Ҷониби Русия ҳатто метавон гуфт ӯҳдадориҳои молиашро пеш аз мӯҳлат иҷро кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам тааҳҳудоти молиашро саривақт иҷро кардааст. Аммо ташкили корҳо дар чунин сохтмони азим дар шароити Тоҷикистон мушкил аст. Аммо ин мушкилоте ҳаллношуданӣ нест, балки масоили зиёди кориву ташкилие дар байн монда, ки бояд ҳалл шаванд."

Дар ҳоли ҳозир дар сохтмони нирӯгоҳи аввали Сангтӯда ҳудуди 2300 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд, ки бахши ағлабашро мардуми маҳаллӣ ташкил медиҳад. Иқтидори тавлидотии ин нирӯгоҳ воқеъ дар 140-километрии ҷануби Душанбе 670 мегаватт ва ҷамъи тавлидоташ дар сол 2 милиларду 700 миллион киловатт соат ҳисоб шудааст. Русия бар асоси қарордоди дар тирамоҳи соли 2004 бо Тоҷикистон имзокардааш тақрибан 50 миллион доллар қарзи пешини Душанберо ҳамчун саҳми худ дар ин нирӯгоҳ эътироф ва барои идомаи сохтмони Сангтӯдаи як боз 200 миллион доллари дигар сармоя ваъда карда буд. 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштарак, ки моҳи феврали соли гузашта таъсис ёфта, бунёди Сангтӯдаи якро бар ӯҳда дорад, ба Русия ва 25 дарсади саҳмияҳои боқимондааш ба Тоҷикистон вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG