Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 16 зина боло рафт


Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA – Федератсиони байналмилалии футбол шонздаҳ зина болотар рафтааст. Мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ дар нахустин мусобиқот барои дарёфти Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) бо 358 имтиёз ба ҷойи 125-ум баромадааст.

Мунтахаби Бразилия мисли пешин бо 830 имтиёз миёни 205 кишвари олам дар мақоми нахуст аст. Тимҳои миллии Ҷумҳурии Чех бо 779 имтиёз мақоми дуввум, Ҳуланд бо 774 имтиёз мақоми саввум, Иёолоти Муттаҳидаи Амрико бо 760 имтиёз мақоми чаҳорум, Испониё бо 759 имтиёз мақоми панҷумро ишғол кардаанд. Беҳтарин тими қорраи Осиё –Ҷопон бо 709 имтиёз дар мақоми 17-ум қарор гирифтааст.Тими миллии Эрон, ки дар Осиё мақоми дуввумро ишғол мекунад, дар рейтинги FIFA бо 692 имтиёз се зина поинтар - ба ҷойи 22-ум суқут кардааст.

Дастаи мунтахаби Узбакистон, ки беҳтарин тими миллии Осиёи Марказист, бо 574 имтиёз ду зина болотар - ба ҷойи панҷоҳу нуҳӯм баромадааст. Тими миллии Туркманистон бо 376 имтиёз як зина поинтар - ба ҷойи яксаду нуздаҳум ва мунтахаби Қазоқистон бо 320 имтиёз ду зина поинтар - ба ҷойи яксаду сиву шашум суқут кардаанд. Дастаи Қирғизистон бо 275 имтиёз сенздаҳ зина болотар -- ба ҷойи яксаду чилу шашум баромадааст.
Ҷойгоҳи дигар дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин аст: 37. Русия (648 имтиёз), 41. Украина (616), 64. Белорус (559), 69. Латвия (547), 79. Эстония (533), 99. Литва (465), 101. Гурҷистон (461), 104. Молдова (453), 109. Арманистон (421), 112. Озарбойҷон (395).
XS
SM
MD
LG