Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати шаҳрванди Фаронса дар Тоҷикистон


Субҳи чаҳоршанбеи 19 апрел бар асари бархурд бо мин дар ҷануби Тоҷикистон Гилеас Саразин як тан шаҳрванди фаронсавӣ ҷони худро аз даст додааст. Бино ба иттилоъи Маркази милии минрубии Тоҷикистон ҳодиса ба ҳангоми безарарсозии минтақаи минкоришудаи Ҳалқаёри ноҳияи Панҷ, 200 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон рух додааст.Гилеас Саразин ба ҳайси мушовир ва муҳандиси фаннии Маркази миллии минрубии Тоҷикистон машғул ба фаъолият буд. Гузориш шудааст,ки дар пайи инфиҷори мин Аъзам Асроров муҳандиси маҳаллии Маркази миллии Тоҷикистон низ ҷароҳат бардоштааст.Минтақаи Ҳалқаёр,ки ҳамҷавор бо марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон тавассути марзбонони рус ба манзури ҷилавгирӣ аз нуфузи мухолифин ба хоки Тоҷикистон минкорӣ шуда буд.Гуфтанист як ҳафта қабл Маркази миллии Минрубии Тоҷикистон кори поксозии ин манотиқро шурӯъ карда буд ва ҳамакунун умури безарсозӣ дар ин маҳал идома дорад.
Маркази миллии Минрубии Тоҷикистон мегӯяд аз соли 1992 бад ин сӯ ин аввалин мавриди инфиҷор аст,ки бар асари он корманди Маркази минрубии Тоҷикистон ба ҳалокат мерасад. Омори Маркази миллии минрубии Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки аз соли 1992 то кунун дар Тоҷикистон наздик ба 500 нафар афроди ғайри мулкӣ ҳалок ва захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG