Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ҷаҳонии Раҳим Эсенов


Никола Крастев Ба нависандаи саршиноси туркман Раҳим Эсенов Ҷоизаи ҷаҳонии Пен тақдим гардид. Вай беш аз даҳ соли охир бо фишори президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов рӯбарӯ буд. Танҳо барои он ки дархости Ниёзовро ба таҳрири китоби худ қабул накард.

Нависандаи саршиноси туркман Раҳим Эсенов дар суханроние, ки ҳамагӣ 2 дақиқа давом кард, гуфт, мехоҳад, дасти ҳар яке аз се ҳазору сад узви Пен клуби Амрикоро бифишорад ва ба ҳар кадоми онҳо ташаккур гӯяд.
Вай аз доварони ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонии Пен, ки ба номи Барбара Голдсмит гузошта шуда, ҷоизаи озодии навиштор унвон дорад, сипосгузорӣ кард ва гуфт, ҳамеша барои сухане мубориза кардааст, ки ба он бовар дорад. Эсенов гуфт, шод аст, ки ниҳоят ба дидори онҳое расидааст, ки аз ин иродаи ӯ ҳимоят мекунанд: "Ман сипосгузорам, ки шумо фурсат пайдо кардеду омадед, то суханони маро бишанвед. Барои ман ҳам хеле ҷолиб аст, шуморо бубинам, чеҳраҳои шумо, чашмони шуморо. Онҳо худ сухани бисёре доранд."

То охирин лаҳза маълум набуд, ки оё Эсенов хоҳад тавонист ба Ню Йорк сафар ва дар маросим ширкат кунад. Зеро мақомоти Туркманистон намехостанд ба ӯ раводиди хуруҷ диҳанд. Ниҳоят баъд аз фишорҳои афзояндаи Иёлоти Муттаҳида ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо вай тавонист, ба ҳавопаймо боло шавад.

Дар маросими тақдими ҷоиза Салмон Рушдӣ, нависандаи ҳиндутабори бритониёӣ, барандаи бисёр ҷоизаҳои байнулмилал, Ҷумпа Лаҳирӣ, нависандаи ҳиндутабори амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Пулитсери соли 2000 дар адабиёт, адибон ва ноширони саршинос Доктороу, Давид Ремник, Грайдон Картер, Барри Диллер ва кафили раёсати радиои Аврупои Озод/Озодӣ Ҷефф Тримбл ширкат доштанд.

Аҳли толор дар Осорхонаи таърихи табиати Манҳеттен дар миёни суханони Раҳим Эсенов ду бор бо кафкӯбиҳо аз ҷой бархостанд. Вай гуфт, зиёда аз 20 китоб навиштааст, аммо румони "Овораи тоҷдор"-ро дастоварди тамоми зиндагияш номид. Ин асар дар бораи шахсест, бо номи Байрамхон, ки тавонистааст, миллати туркманро аз парокандагӣ ва низоъ нигоҳ дорад. "Агар дар ин ҷо, дар Амрико мардуми нажоди гуногун ҳамчун як оила дар муросо ба сар мебаранд, сиёҳҳо, сафедҳо, зардҳо, Байрамхон дар кори худ мудорои бузурги мазҳабӣ нишон додааст. Вай фарқ намегузошт, ки ин канисаи яҳудист ё дайри насронӣ ва ё масҷиди мусулмонӣ ва мегуфт, як худо вуҷуд дорад ва мо ҳама фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем."

Президенти худкомаи Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар соли 1997 дар мазҳари ом ин китоби Эсеновро маҳкум кард. Ҳангоме ки Эсенов ба президент итоат накард ва аз тағйири китоб саркашӣ кард, Ниёзов китобро аз лиҳози таърихӣ нодуруст номида, амр дод, аз фурӯш боздошта шавад.
Дар моҳи феврали соли 2004, вақте Эсеновро сактаи дил аз пой афтонд, ӯро аз рахтихоби бемористон ба маҳбас интиқол доданд. Таҳти фишори байнулмилал мақомоти туркман маҷбур шуданд, Эсеновро озод кунанд, вале дар ин байн 800 нусха китоби ӯро мусодира ва нобуд карданд. Нависанда ин корро ваҳшигарӣ меномад.
Бо вуҷуди озодии зоҳирӣ, мегӯяд Эсенов вай ҳамеша дар зери нигоҳи хадамоти амният қарор дошт ва тақдими ҷоизаи Пен низ як роҳи ба мушкил кашидани ҳабси хонагии ӯ шумурда мешавад.
Моҳи марти имсол намояндагони сафорати Иёлоти Муттаҳида ба хонаи ӯ рафтанд ва хабар доданд, ки вай барандаи ҷоиза шудааст. Қариб як моҳи дигар зарур шуд, то ӯро аз чанги мақомоти туркман раҳо кунанд ва ба Ню Йорк биёранд.
XS
SM
MD
LG