Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои эҳтимолии зуҳури бемории хатарнок дар Файзобод


Бар асари ин беморӣ то имрӯз 15 сокини деҳаи мазбур бистарӣ шудаанд. Бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ, мегӯянд, бар асари ин беморӣ 3 сокини деҳа фавтидаанд. Аммо масъулини вазорати тандурурстии кишвар, ин хабарро таъйид накарданд.
Бино ба гуфтаи мутахассисон, ин беморӣ аслан дар мавсими баҳор, метавонад хурурҷ кунад. Бактерияҳои лейптоспироз аз ҳайвонот, ба вижа каламушҳо ба одамон сироят мекунанд. Исохон Гурезов, муовини сардухтури маркази вогиршиносии Тоҷикистон, дар робита ба нишонаҳо ва хатари он ба саломатии инсон гуфт: "Ба ин беморӣ аслан ҳайвонот, хазандаҳо бахусус каламушҳо гирифтор мешаванд ва бактерияҳои он ба одамон сироят мекунад. Аммо аз одам ба одам сироят намекунад. Ин беморӣ якбора ва дар чанд минтақа хуруҷ намекунад. Он метавонад дар як маҳал пайдо шавад,аммо баъди масалан 8-10 сол дар ҷойи дигар пайдо мешавад."

Нигина Шарофова, муовини вазири тандурурстии Тоҷикистон мегӯяд фарзияи дигаре дар робита ба хурури ин беморӣ вуҷуд дорад: "Чанде пеш, бо пуштибонии молии бунёди Оғохон, дар ин мавзеъ қубурҳои обтаъминкунӣ насб шуда буд ва имкон дорад, занги дохили ин қубурҳо сабаби сирояти бактерияҳои лейптоспироз ба одамон шуда бошанд, зеро хуруҷи ин беморӣ дар ҳамон минтақаҳое ба мушоҳида расидааст, ки ин қубурҳои обгузар насб шудаанд."

Аммо Мизроб Амирбеков, намояндаи бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи бемории.лейтоспироз ба қубурҳои обтаъминкунӣ робитае надорад: "Намояндаи бунёди мо дар ҳамон ситод ҳузур дошт ва чунин гуфтаанд, ки гӯё сабаби пайдоиши ин беморӣ занги қубурҳои обтаъминкунӣ шуда бошад. Аммо чунин нест. Ин беморӣ ба қубурҳо ҳеҷ робитае надорад ва дар дохили қубурҳо ҳеҷ гуна занг набудааст. Хуруҷи бемории лейптоспироз ба вазъи беҳдории ҳамон минтақа бастагӣ дорад."

Бино ба гуфтаи мутахассисони вогиршинос, пайдоиши ин беморӣ дар чанд сол як бор ба мушоҳида мерасад. Охирин мартаба бемории лейтоспироз аввалҳои солҳои 90 дар минтақаи ҷануби кишвар, ноҳияи Балҷувон ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG