Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба Сафири Тоҷикистон


Здравствуйте господин посол! Меня интересует один вопрос, возможно ли гражданам Таджикистана поступить в высшие учебные заведения США и обучаться за счет государства? Куда можно обратиться по этому вопросу? Заранее благодарю,
Шахрияр
--------------------------------------

Ҷаноби сафир, оё системи интихоби сафирони Тоҷикистон дар хориҷа чи гуна аст ва киҳо метавонанд, сафири Тоҷикистон шаванд?
Саидвалӣ
--------------------------------------

Уважаемый господин посол,
1. Какова внешнеполитическая позиция Таджикистана по отношению к США и как внешнеполитические позиции этих двух стран друг к другу гармонируют? 2. Какова роль США в укреплении безопасности в Таджикистане и собирается ли Таджикистан расширить сотрудничество с Америкой в военной области, например позволить американцам открыть новые военные базы на своей территории ?
С уважением
Тимурмалик Маруфов
-----------------------------------------

Мӯҳтарам сафир!
Шумо дар кишваре намояндагии моро муаррифӣ доред, ки ба кавле "падари равандҳои демократист" ва воқеан Амрико кишвари сиёсатҳост. Ва Инсон ба ҳар сурат арҷ дорад. Аз нигоҳи ҳуқуқ, иҷтимоъ, дастовард ва ғайраҳо.
Шумо чун сафири мо ҳастед, чи хулосаҳо бардоштед, агар ба Тоҷикисон баргадед, ба кадом реформаҳои ҷиддӣ даст мезанед?

Дигар ин, ки мӯҳтарам сафир, 15 соли истиқлол дорем ва чаро то ҳанӯз аз бонувон ягон сафир дар кишваре надорем, мо Тоҷикон, ки хешро миллати ботаммадун медонем. Магар сиёсат ва дипломатияро танҳо мардон пеш бурда метавонанд?
Дар амони Худо бошед!

Нисо
--------------------------------------

Бо дуруд ва пирӯз бошед!
Аз сафир чанд пурсишам ҳаст.

Пеш аз ҳама аз ин ки ба ин мақом баргузида шудаанд, офаринашон мегӯям, аммо эшон аслан кӣ ҳастанд? Ростӣ, танҳо аксашонро дидааму номашонро шунидаам, дигар ҳеҷ. Фикр мекунам, ҳамтои амрикоияшон аз Душанбе бояд намунаи мисол бошад.

Дурбини ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомии Тоҷикистон ва Амрико то куҷост? Ба фикри Шумо, агар ҳамтоятон барои боз кардани дарҳои бозори Тоҷикистон ва Афғонистон талош кунад, кӯшо ба ин буда метавонед, ки тоҷирон ва бозаргонҳои моро барои боз кардани дарҳои иқтисоди Амрико ва чизе беҳтар аз дуди димоғи Русия ба хонаводаашон оварданд, роҳнамо бошед?

Оё метавон мутмаин шуд, ки дар сурате мо як рӯз нангу ор мекунем ва аз "моҳихӯрӣ" ба "моҳидорӣ" гузашта марзҳоямонро пурра зери назари худ мегирем, аз Амрико ҳадди ақал ин ки сарбозони аз кӯча ҷамъоварӣ кардаамонро бо пӯшок таъмин кунад, бо ғизо сер ва бо туфанг мусаллаҳ намоем?

Коре, ки барои таҳсил ва таҳқиқоти ҷавонони худшинос IREX мекунад, ҳарчанд он низ ҳоло бо мушкили маъмули ҷомеаи мо рӯбарӯ шудааст, ҳамвора сазовори таҳсин аст. Оё мешавад аз чорчӯбаи ин барнома фаротар рафта, ба бастани созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Амрико танҳо бо Донишгоҳи Монтана маҳдуд нашуда, ин барномаро густариш диҳед?

Дар охир, шояд ҷаноби сафир шунидаанд, ки ширкатҳои "Адмирол" ва "Ориён Медиа" аз Тоҷикистон дидан намудани овозхонҳоеро мисли Саттор ва Лайло созмон доданд. Аз онҳо хабари омадани Ораш ва Мӯин ҳам расидааст. Ҳоло як хоҳиш: Меҳрубонӣ кунед ва ба омадани ... Гугуш созгорӣ намоед. Он ҳангом, эҳтимол шодравон Муҳиддини Олимпур низ ба Шумо офарин мегуфтанд...

Бо арҷу сипос,
Дилшод
--------------------------------------

Мӯҳтарам сафир, мехостам оид ба ҳуқуқи донишҷӯёни бурунмарзӣ дар Амрико воқиф гардам.
Фирдавс, донишҷӯ.
--------------------------------------

Салом, сафири мӯҳтарам.
Ман як савол додам, зоҳиран ба завқи "Озодӣ ва озодбаёнҳо" мувофиқ наомад.
Саволи дигари ман ин аст, ки мегӯянд, дар пайи ҳар шаб субҳе ҳаст ва ҳар субҳеро шоми тор ё тибқи формулаҳои физика ҳар чиз ба ҳар сурат ки боло равад, ба ҳамон сурат суқут хоҳад кард. Истисмогарии Англия поён ёфт, фашизми Олмон аз байн рафт, империяи Шӯравӣ суқут кард...Ба назари Шумо, оё Амрико суқут хоҳад кард? Манзурам, дар оянда иқтидор ва яккатозияш поён хоҳад ёфт? Агар ҷавоб мусбат аст ба пешбинӣ ва таҳлили Шумо навбати кадом кишвар аст, ки ҷаҳонро бибалъад?
Амриддин
--------------------------------------

Ассалому алейкум, ҷаноби сафир.
Ман донишҷӯ ҳастам ва мехоҳам аз Шумо дар бораи қабул шудан ба донишгоҳҳои Амрико пурсон шавам.
Оё мо, шаҳрвандони Тоҷикистон агар хоҳем, ки дар Амрико таҳсил кунем, чӣ кореро бояд анҷом диҳем? Оё "квотае" ҳам вуҷуд дорад? Нақши сафорат дар ин ҷо чӣ буда метавонад?
Раҳмат
---------------------------------------
Ассалом, ҷаноби сафир.
пеш аз ҳама барои чунин ҳаракататон аз самими дил муташаккирам.
Ман як шаҳрванди Тоҷикистонам, ки як моҳ шуд тавассути "Green Card" ба Амрико омадам.
Ман ки фокултаи равобити байнулмилалӣ хатм кардаам, ба қадри ҳол дар хусуси таъсири "лоббиҳо"-е ба монанди яҳудиён, юнониён, арманиҳо ва ҳатто туркҳоро дар сиёсати Амрико маълумот дорам. Ба ақидаи ман, имиҷи як давлат дар Амрико чӣ хеле ки бошад, дар ҷаҳон ҳам ҳамин хел аст. Пас барои мустаҳкам кардани пояи миллати тоҷик бо бояд бо Амрико робитаи хуб ва дар Амрико фаъолияти нағз дошта бошем.
Саволи ман ин аст, ки мо ҳамчун давлат бо кадом лоббиҳо ҳамкорӣ дорем? Ва барои шиносоии Тоҷикистон дар Амрикочӣ фаъолиятҳое пеш мебарем? Ман медонам, ки роҳбарони ҳозираи мо бо вуҷуди танқисиҳои моддӣ дар пайи андешаи миллатанд. Ин андеша дар Амрико дар кадом савия аст?
Бори дигар ташаккур.
Бо эҳтиром
Эраҷ Бобоев,
Ню Йорк

---------------------------------------

Салом. Мехостам аз равобити феълии Тоҷикистон ва Амрико мутталеъ шавам.
Насим
---------------------------------------

Салому алейкум.

Аз сафири мӯҳтарам пурсиданӣ ҳастам, ки чаро дар Амрико ягон ташкилот ё ҷамъияти тоҷикон мавҷуд нест. Намешавад, ки бо сарварии кормандони сафорат ҳамаи донишҷӯёнро сарҷамъ кард, то ҳамкорӣ кунанд ва аз ҳоли ҳамдигар бохабар бошанд?

Боҷҷон
--------------------------------------

Бо дуруд бар Шумо, сафири мӯҳтарам,
мехостам бидонам, ки теъдоди тоҷикони муқими Амрико чӣ қадар аст ва дар кадом иёлат бештар.

Бо сипос,
Шаҳзода
--------------------------------------

Ман як донишҷӯи тоҷикам, ки дар Эрон таҳсил мекунам ва бисёр нигарон ҳастам, ки Амрико мумкин аст, ба Эрон ҳамла кунад. Шумо чӣ назар доред, ин иттифоқ меафтад ё не?

Наъим
--------------------------------------

Салом, мӯҳтарам сафир.
Аввал, чаро дипломатияи Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо фаъолияти суст дорад ва аз ҳаққу ҳуқуқи кишвар дифоъ намекунад? Мисол, дар соли гузашта Шумо чӣ қадар сармоя ба кишвари азизамон даровардаед? Ва умуман сабаби наомадани сармоядорони амрикоиро ба Тоҷикистон дар чӣ мебинед?
Чаро дипломатҳои тоҷик бо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа робитаи хуб надоранд? Барои мисол, мо сафирони дигар кившарҳоро мебинем, ки ҳар моҳ бо донишҷӯён мулоқот мекунанд ва аз ҳолу таҳсили онҳо огоҳ мешаванд ва барои донишҷӯёни болаёқат тӯҳфаҳо медиҳанд, идҳои миллиро бо ҳам таҷлил мекунанд...

Мусофири дур аз Ватан
--------------------------------------

Ҷаноби сафир, тибқи шиносоӣ бо Шумо мо ҳамчун як фарди тоҷик хеле ва хеле сарфароз гаштем, ки чунин марди барӯманде намояндагии миллати моро дар Амрико ба ӯҳда доранд ва сазовори аҳсан мебошад.
Корҳое, ки Шумо дар ҷодаи рушди иқтисод ва ташвиқот оиди воридоти маблағгузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистони азиз роҳи хеле дуруст буда, ба Шумо дар ин ҷода комёбиҳо таманно дорем!
Беимзо
-------------------------------------

Ҷаноби сафир!
Амрико бо ҳар баҳона Ироқро забт кард. Эронро ҳам забт карданист...
Ба фикри Шумо, магар чунин рӯзе фаро мерасида бошад, ки ИМА Точҷкистонро ҳам забт мекунад?

Илҳомчон Ҳамидов
-------------------------------------

Изҳори ташаккур мекунам ба таҳиягарони барномаи "Майдони баҳс"-и Радиои Озодӣ.
Мӯҳтарам сафир!
Дар ҷомеаи мо ақидае ҳаст, ки Амрико душмани амнияти ҷаҳон аст.
Назари Шумо чист?

Ҷонфидо
------------------------------------

Мӯҳтарам ҷаноби Ҳамроҳхон Зарифов!
Ман дониҷӯи курси чоруми шӯъбаи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Милли Тоҷикистон ҳастам.
Дар оянда мехоҳам, ки бо Шумо ҳамкорӣ дошта бошам. Оё ман чунин имконият дорам?

Бо эҳтиром
Зиёратшои Исматулло
------------------------------------


Аз идора: Дӯстони арҷманд, агар саволе доред, зудтар фиристед. Қабули саволҳои Шумо то рӯзи сешанбеи 25-уми апрел идома хоҳад кард ва сипас, ҷамъи онҳо ба дасти сафир Ҳамроҳхон Зарифов супурда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG