Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти беҳосили шаҳри Маскав


Муовинони вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар иловаи Олмон рӯзи сешанбе, 18 апрел барномаи ҳастаии Иронро дар шаҳри Маскав баррасӣ карданд. Аммо доир ба пешрафте дар ин музокирот гузориш нашудааст.
Қарор буд, дар ин нишаст Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки Иронро ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам мекунад, барои эъмоли таҳрим ба ин кишвар пофиишорӣ намояд. Аммо Русияву Чин ба эъмоли таҳримот алайҳи Ирон мухолифат кардаанд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ирон Ҳамид Ризо Осафӣ дирӯз гуфт, новобаста аз натиҷаҳои нишасти Маскав Ирон аз ҳаққи худ барои рушди технологияҳои ҳастаӣ даст нахоҳад кашид.
Шӯрои Амнияти СММ аз Ирон хостааст, тамоми фаъолиятҳои ғанисозии уранро то 28 апрел қатъ кунад. Рӯзи сешанбе раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Ирон ба силоҳҳои ҳастаӣ истифода аз ҳар абзоре дар назар гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG