Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар назди чиптафурӯшиҳо


Нилуфари Собир Бо вуҷуди баланд шудани нархи чиптаи ҳавопаймо теъдоди мусофирон дар назди чиптафурӯшиҳои пойтахти кишвар рузафзун шудааст. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон роҳи Русияро дар пепш гирифтаанд. Суоле ба миён меояд, ки бо мавҷудияти чунин мушкилот оё дарёфти чипта осон ва қонунист?

Акаи Сафаралӣ, нафаре аз мусофирон, ки худро сокини деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод номид, бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба шахри Свердловски Русия сафар карданист ва таи чанд рӯз паи дарёфти чиптаи ҳавопаймои ба фурудгоҳ омадааст. Вай гуфт, бо вуҷуди боло рафтани нарх пайдо кардани чипта на дар ширкати ҳавоии "Тоҷикистон" ва на дар ширкати ҳавоии Русия кори саҳл нест:
"Чипта нест, ба мо барои 30-умхои апрел даркор аст, дастрас намекунем. Мегӯянд то 17-уми май чиптаҳо аллакай фурӯхта шудаанд. Нархи чипта дар ширкати ҳавоии мо 250 доллар ва дар ширкати ҳавоии Русия 335 долларро ташкил медиҳад. Аммо мегӯянд, ки то 20-уми май чипта нест."
Аслан тақозои мусофирон ба чиптаи Душанбе-Маскав бештар аст, ба ин далел, ки эшон аз он ҷо бо қатора ва дигар намуди нақлиёт ба шаҳрҳои гирду атроф мераванд. Аммо Насиба Далиева, сокини нохияи Шаҳринав гуфт, чиптаро бидуни ягон мушкил ва бо нархи давлати дастрас кардааст: "Ҳамин хел омадам, озодона бо нархи давлатӣ ба маблағи 290 доллар чипта харидам».

Дар ҳамин ҳол чанд тан аз мусофирони дигар дар сӯҳбатҳо ба мо аз набудани чиптаи Маскав шикоят карданд. Акаи Абдухолиқ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт: "Ман ба Маскав парвоз карданиам. Ба ман барои 20-уми апрел чипта лозим аст, аммо мегуянд, ки то рӯзи 13-уми май чиптахо фурӯхта шудаанд. Чиптаи рӯзи 13-уми май пагоҳ фурӯхта мешудааст."

Боймуҳаммад, сокини вилояти Суғд дарёфти чиптаро ҳам аз фурудгоҳи Душанбе ва ҳам аз фурудгоҳҳои хориҷи кишвар мавсимӣ хонд ва гуфт бо истифода аз ин қазия ширкати ҳавопаймоии "Точикистон" ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад.
"Дар Душанбе мушкилтар аст аз ин тараф рафтан ҳангоми баҳор, барои он ки аз ин тараф одам бисёр аст. Аз он тараф дар баҳору тобистон чипта ёфтан осонтар аст."
Нафароне ки азми сафари кишвархои ҳамсояро доранд низ аз хадамоти ширкати мазкур изҳори норозигӣ карданд. Хонум Фарангис, сокини шаҳри Душанбе сари вақт чиптаи ҳавопаймои самти Алмаатои Қазоқистонро дарёфт карда натавониста, аз ин вазъ хеле нороҳат буд:
"Ман таъҷилан ба Алмаато парвоз карданиям. Барои рӯзҳои наздиктарин чипта дарёфт накардам."
Марде ки нахост, номаш гуфта мешавад, мегӯяд, ҳам дар Маскав ва ҳам дар Душанбе мақомоти гумрук маҷбуран аз одамон бо ҳар баҳона маблағ меситонанд.
XS
SM
MD
LG