Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшои 6 гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо Маҳмуд Худойбердиев


Додситони вилояти Суғд Абдуғаффор Қаландаров хабар дод, ки бар зидди 6 тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришгар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вай дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин афрод зимни тафтиши парвандаи боздоштшудагони қаблӣ ошкор шудааст: "Имрӯзҳо нафарони дигари ин даста бо нишондоди боздоштшудагон, ки дастаи Худойбердиевро ихтиёран тарк карда, ба ҷумҳурии мо омадаанд, ошкор шуданд. Мо ин ҳолатро дар вақти ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва таъини ҷазо ба назар гирифтем." Аз манзили яке аз онҳо дар шаҳри Хуҷанд як силоҳи танкшикан ва теъдоди зиёди тири силоҳи сабук дарёфт ва мусодира карда шудааст. Қаландаров меафзояд: "Бо истифода аз ин ки мо дар бораи ҳамаи аъзои иттиҳоди ҷиноии Маҳмуд Худойбердиев маълумоти кофӣ надоштем, баъзе аз аъзои боздоштшудаи даста дар қаламрави Узбакистон дар пойгоҳҳои Маҳмуд Худойбердиев омӯзиш дида, алайҳи давлати Тоҷикистон амалиёти ҷиноӣ тарҳрезӣ ва пиёда кардаанд."
Додситони Суғд бо ин ки ҳастии гурӯҳҳои низомии Худойбердиевро дар қаламрави Узбакистон рад накард,гуфт, фаъолияти ин гурӯҳҳо таҳти ҳимояти давлат ва бо ризояти мақомоти Узбакистон роҳандозӣ намешавад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG