Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёрат аз муқаддасот дар Тоҷикистон пулакӣ мешавад


Профессор Раҷаб Амиров - вазири фарҳанги кишвар дар ин бора, рӯзи сешанбеи 18 апрел дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Бар тибқи иттилоъи вазири фарҳанг, мазороти мазбур аз мавзеъоти таърихӣ будаву шомили ҳамин вазоратхонаанд ва пулакӣ шудани ин муассисот дар оянда барои рушд ва ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ кӯмак мекунад:

«Чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон даромад ба ин муассисоти таърихӣ бояд пулакӣ ва тавассути билет бошад. Дар оянда ин билетҳо номнавис мешаванд ва даромади муассисот муайян мегардад. Он сандуқҳои хайрия, ки ашхоси алоҳида худсарона мондаанд, аз миён бардошта мешаванд. Ҷои одамони тасодуфӣ зоирини ватаниву хориҷиро роҳбаладҳои касбӣ - экскурсоводҳо бо таърихи ёдгорӣ ва афроди дар он ҷо мадфун ошно мекунанд. Ин дахл дорад ба Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Қасри Ҳисор, Имом Зайнулобиддин, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин ва соири мазороти машоихи маъруф, ки дар кишвар ба хок рафтаанд»

Ин дар мавридест, ки бештари даромади муассисоти фарҳангӣ аз ҳисоби зоирин аст. Ба гунаи мисол, дар соли гузашта 9.500 нафар ба осорхонаи Беҳзод омадааст. Теъдоди зоирин ба мазорот дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар ҳамин маврид, барои тармими муассисоти фарҳангӣ ҳукумат беш аз 414.000 сомонӣ ҷудо кардааст:

«Аз ҷумла, барои таъмири хобгоҳи Донишкадаи санъат 99,3 ҳазор сомонӣ, театри ҷавонон 30 000 сомонӣ, осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод 8.500 сомонӣ, театри Маяковский 15 000 сомонӣ, бинои филармонияи давлатӣ 15000 сомонӣ бинои Вазорати фарҳанг 261 000 сомонӣ ҷудо шуд »

Дар се моҳи аввали 2006 «Қонун дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣву фарҳангӣ» қабул шудааст. Бар тибқи иттилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон 36 гурӯҳи ҳунарӣ ва 23 театри халқӣ номнавис шудааст. Ва аммо теъдоди театрҳои сайёр ва ё ба истилоҳи маъмул, клубҳои ҳунармандони мардумӣ коҳиш ёфт. Аз 145 театри сайёр 25 клуб фаъол аст. Боқӣ аз миён рафтаанд.

Дар тӯли се моҳи соли 2006 - 4 нашриёти ин вазорат беш аз 30 номгӯй китобро бо теъдоди 289.000 дона чоп кардааст. Теъдоди дӯконҳои фурӯши китоб дар кишвар афзуд. Ва аммо вазири фарҳанг гуфт, аз 86 дӯкон аксарияти кулл шахсӣ будаанд ва фаъолияти онҳо дар оянда дар самти фурӯши кутуб норавшан аст. Дар ин зимн, бар тибқи дастури мутахассисини вазорат, дар ҳар шаҳру ноҳия бояд ҳадди ақалл як дӯкони давлатии фурӯши китоб бунёд гардад. Вазири фарҳанг гуфт, барои интишори адабиёти клоссик ва нашри такрории бархе аз осори адибони саршинос, ки барои кӯдак таҳия шудаанд, 250.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Оқои Амиров афзуд, дар асарҳое, ки дар замони шӯравӣ нашр шудаанд, бар тибқи дастури идеоложӣ калимоти динӣ ҳазф шудаанд. Ба гунаи мисол, дар 50 асари удабои тоҷик, ки такроран нашр мешаванд, вожаи «Худо» барқарор мегардад.

Вазорати фарҳанг тасмим дорад, ки дар наздиктарин фурсат Доиратулмаорифи ҷадиди Тоҷикистон, феҳраси комили ёдгориҳои меъморӣ ва феҳраси хазинаи осорхонаи Беҳзодро рӯи кор орад.
XS
SM
MD
LG