Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони ҷоизаҳои «Шоҳона»


Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии озод, ки дар толори мактаби маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Абдурозиқ Олимов, сардовари ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 127 нафар дар ҳайати 14 даста аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва, ҳамчунин шаҳри Бухорои Узбакистон ширкат карданд. Мусобиқа бо ибтикори бошгоҳи варзишии «Шоҳона»-и Душанбе баргузор шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии Душанбе Раҷабалӣ Холов дар вазни 50 кило, Ҳусниддин Маллаев дар вазни 84 кило, Маҳмадалӣ Қаландаров дар вазни 96 кило ва Маъруф Маъруфов дар вазни 120 кило, аъзои бошгоҳи марказии варзишии низомиёни Душанбе -- Аслиддин Шарифов дар вазни 55 кило ва Манучеҳр Мирборонов дар вазни 66 кило, Ҷамбулат Абдуллоев аз бошгоҳи варзишии «Шоҳона»- и Душанбе дар вазни 60 кило ва гуштигири шаҳри Бухоро Ҷамшед Ярашев дар вазни 74 кило мақоми аввалро касб карданд. Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳои бошгоҳи варзишии «Шоҳона» сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG