Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: Боинг ё Эйрбас?


Ҳанӯз ду моҳ қабл ин масъала дар Кумитаи энержӣ, саноат, сохтмон ва мухобиротии Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Каримҷон Қодиров, узви кумитаи мазкур дар робита ба ин мавзӯъ ба радиои Озодӣ гуфт: "Харидани ду ҳавопаймои Боинг-727 ва Боинг-747 дар назар дошта шудааст, ки тариқи лизинг, яъне кироя хоҳад, буд. То он замоне, ки мо пулашро пурра месупорем, яъне дар давоми се ва ё панҷ сол, пас дар он вақт моли шахсии мо мегардад.»

Аммо масъалаи онро, ки ба кадом тариқ харидории ин ҳавопаймоҳо сурат мегирад, худи ширкати ҳавопаймоӣ баррасӣ мекардааст. Фирӯз Ҳамроев, муовини аввали директории ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" мегӯяд, ҳанӯз маблағи харидани ин ҳавопаймоҳо мушаххасан дар назар дошта нашудааст ва маълум нест, ки кадом намуд тайёра бояд харидорӣ шавад. Фирӯз Ҳамроев: "Вақте ки мо бо ширкатҳои лизингӣ шартнома мебандем ва созишнома ба имзо мерасад, имкон дорад, ки нархи тайёраҳоро муайян кунем, аммо то ҳол аниқ нест. Мо намедонем, ки кадом тайёра мегирам, Боинг ё Эйрбас. Бонки Аврупо қатӣ кор мекунем ва вақте муайян мекунем, ки кадом тайёра ба мо лозим аст, баъд аз он бо соҳибони тайёраҳо масъалаи нархи лизингро барои як моҳ муайян хоҳем кард.»
Дар ҳамин ҳол Иброҳим Ҷобиров, муовини сардори Департаменти авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ду ҳавопаймое, ки дар ояндаи наздик харида мешавад, комилан нав буда ба талаботи замон ҷавобгӯй мебошад:
"Ин тайёраҳо комилан нав хоҳанд буд, зеро мӯҳлати инҳо нисбат ба ҳавопаймоҳои Русия зиёдтар будаву тамғаҳои хуб ҳастанд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, муовини аввали раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон", ҳарчанд ин ҳавопаймоҳо ба талаботи рӯз ҷавобгуй бошад ҳам, аммо комилан нав набудаанд. "Ҳарчи қадар тайёра соли истеҳсолаш нав бошад, ҳамон қадар нархи лизингаш гарон мешавад. На аз тайёраҳое, ки соли истеҳсолаш понздаҳсола-бистсола набошаду ақаллан ҳашт сол-даҳ сол бошад ҳеҷ гап не, вайҳоро танҳо таъмир мекунанду халос, аммо комилан нав нестанд. Нав ҳам гирифтан мумкин, аммо нархи лизингаш биёр гарон мебошад. Барои ҳамин мо мебинем чи қадаре, ки аз панҷ то даҳ сол нархи лизинг месупоридагӣ арзонтар мешавад.»
Ва аммо ба суоли он, ки кадрҳо дар ин ширкат аз ҷумлаи халабонҳову тармимгарон ва мизбондорони парвоз дар куҷо ва чи гуна омӯзонида мешаванд, Фирӯз Ҳамроев ба мо ин гуна посух дод: "Мутахассисони мо ҳамааш дар хориҷа хондагӣ. Ҳозир акнун барои тайёраҳои хориҷӣ низ ба хориҷа хонданӣ мераванд. Дар дохили Тоҷикистон мо имконияти тайёр намудани мутахассисонро надорем, инҳо танҳо дар давлатҳои Аврупо ва Русия тайёр карда мешаванд. Ин мутахассисон аллакай соҳаи авиатсиаро хондагӣ ва барои тайёраҳои Боинг ё Эйрбас инҳо метавонанд як ё ду моҳи дигар такмили ихтисос кунанд."
Аксари мутахассисоне, ки имрӯз дар ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" фаъолият доранд, дар замони шӯравии пешин дар Русия таҳсил кардаанд.
XS
SM
MD
LG