Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бисту ду таҳририи боздоштшуда дар се моҳ


Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар се моҳи соли равон дар кишвар 22 узви Ҳизби Таҳрир бо шумули як роҳбари он боздошт шудаанд. Ӯ гуфт, ҳангоми тафтишот аз манзили зисти боздоштшудаҳо теъдоди зиёди силоҳи оташфишон ва маводи тарканда, ҳамчунин, беш аз 400 нусха китобу варақаҳои мамнӯъ кашф ва мусодира шудааст. Бино бар омори Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли 2005 ҳудуди 100 нафар ва дар панҷ соли ахир беш аз 400 узви Ҳизб Таҳрир боздошт шудаанд ва 20 %-и ин шуморро занон ташкил медодаанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG