Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаҳои Шумо


Салом.
Мехоҳам фикри худро дар бораи радиои Озодӣ ва сомонаи интернетии он баён кунам.
Ба фикри банда, радиои Озодӣ яке аз беҳтарин расонаҳои ахбор бо забони тоҷикӣ, мебошад. Радиои Озодӣ барои рушди демократия, чандандешӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон роли муҳим мебозад.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, он қариб ягона сарчашмае буд барои аксарияти мардум , ки иттилооти саривақтӣ ва объективӣ пахш мекард. Ман баъзан вақт бахши тоҷикии радиои Озодиро ба канали телевизионии НТВ-и Россияи солҳои 1992-2000, дар як сатҳ мегузорам.
Хеле хуб мешуд, агар шумори чунин сомонаҳои интернетӣ ва радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ дар худи Тоҷикистон зиёд мешуд.
Ба ҳамаи кормандони бахши тоҷикии радиои Озодӣ муваффақият ва бурдбориҳо орзумандам.
Бо эҳтироми самимона
Муҳаммадраҳим
---------------------------------------

Ассалому алейкум,
Мехоҳам, ки ҳукумати Тоҷикистон пулакӣ шудани зиёрати маконҳои муқаддасро бекор кунад, зеро дар ислом чунин коре вуҷуд надорад.
Худо ҳофиз,
Муҳаммадҷон
---------------------------------------

Офарин!
Беҳтарин сомонаи иттилоотӣ! Дар иттилоърасонӣ боз ҳам бебоктар ва озодтар сухан гӯед.
Дар мавриди саҳифаи "Майдони баҳс" чизе намегӯям. Инро худи Шумо ҳам пай бурдаед,ки маҳбубияти хосае касб кардааст.

Чанд пешниҳод ҳам дорам:
Агар мумкин аст, саҳифаи назири "аксхона" боз кунед,чун мушкилоте ҳам ҳастанд,ки наметавон бо сухан ифода кард ва танҳо бо сурат метавон ба намоиш гузошт ва зераш навишт- "NO Comments".
Гӯшае бо номи "Паёми Шумо" ҳам дар саҳифа ҷой бидиҳед. Чун сомона барои равшанфикрон нашриёт ҳам ҳаст, ки онро то ҳол дуруст истифода бурда наметавонанд. Ингуна Шумо метавонед, масалан, он маводе,ки онҳо гуфтан мехоҳанд, вале рӯзномае ёфт намешавад,ки ба хотири чандандешӣ чоп кунанд,кӯмак расонед.

Бо арзи сипос,
Дилшод Орёманиш
---------------------------------------

Салом.
Ман ҳам воқеан ва аз самими қалб сипосгузорӣ мекунем аз барномаҳои хубатон. Мо чун берун аз Тоҷикистон ҳастем ва барномаҳои шуморо мешунавам ва мехоҳем бароямон хеле ҷолиб аст ва огоҳиҳое ба даст меоварем.
Салмонхон
--------------------------------------

Барномаҳои шумо хубанд ва ахбори зиёду рангбаранг доред.
Аммо баъзан чизҳое менавсиед, ки одам дар ҳайрат мемонад. Мисол:
"Либос ба ибораи дигар оинаест, ки вазъи иқтисодии ҷомиаро бозгӯ мекунад."
Кадом одами оқил чунин мегӯяд. Маълум аст, ки мо тоҷикон аз гуруснагӣ мурда истода бошем ҳам, либоси хуб ба бар мекунем. Мо зоҳирпараст ё шояд зебоидӯст ҳастем ва либоси мо наметавонад баёнгари вазъи шиками мо бошад. Либос бештар ба суннату одоб вобастааст, на балки ба даромади миллӣ ё рушди саноату тавлид.
Бо эҳтиром
Саидвалӣ
----------------------------------

Озодӣ ҳақиқатро ба мо мешунавонад ва мо бар озодӣ эътимод дорем .

Cафаралӣ
----------------------------------

Ман қариб ки ҳама кормандрни бахши тоҷикии Радиои Озодиро мешиносам ва медонам, ки журналистони бад нестанд.
Вале гап дар сари он аст ҳамашон хоинони миллатанд. Барои сум шуда ба золимон ва ғосибони Амрико косабардорӣ мекунанд. Шояд инро бо мисолҳое мисли озодии сухан ва ким-чиҳои дигар рад кунанд, вале асосиаш он аст, ки ин Радиои ташвиқотӣ аз тарафи ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешавад. Ва мақсадаш таблиғи Амрико ва фарҳанги он аст.
Пас ҳамаи ин "журналистон" ташвиқотгарони Амрико ҳастанд. Ва ҳеч хубие аз онҳо барои мо тоҷикон нест.
Амрико барои мо душман нест ва дӯст ҳам нест. Бегона аст.

Муҳаммад

P.S. Чун ҳамаатон аз озодии сухан ҳарф мезанен, ин навиштаро бояд ҷо кунед.
----------------------------------

Ба шумо барори кор хоҳонам. Барномаҳоятон ба ман хеле писанд аст.
Hoji
---------------------------------

Мақолаи шумо дар бораи бонкҳои исломӣ хуб аст ва низоми бонкдории исломиро ба мардум мефаҳмонад. Ин низом як падидаи нав аст, хосатан барои кишварҳои шӯравии собиқ. Ба шунидам, дар Тоҷикистон ҳам ҳоло сари ин масъала фикр мекунанд. Биноан як сӯҳбати васеътар зарур аст.
Шоев Муҳаммадрӯзӣ
---------------------------------

Ман шуморо ба унвони шахсоне мешиносам, ки тарсе аз гуфтани ҳақиқат надоранд. Дар сомонаи Фергана.ру ман мақолаи А.Илҳомовро хондам ва донистам, ки он аз генотсиди фарҳангии тоҷикон мегӯяд. Оё касе ҳаст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин масъала ҷалб кунад. Ончи дар кишвари ҳамсояи Узбакистон мегузарад, ба маҳви фарҳангу забони тоҷикӣ дар ин кишвар равона шудааст. Олими тоҷик Акбари Турсун оё аз ин мақола хабар доранд?
Самандар Самандаров
----------------------------------

Ин роҳкирое, ки ҳукумати мо баланд карду барои халқи бечора як мушкили дигаре сохт, ҳаргиз барои хизмати халқ нест, балки барои кисаи худашон аст. Дар забон аз хизмат ба халқ мегӯянд, дар амал ҳамаи кӯмакҳои байнулмилалӣ, ки акнун кам шудааст, мехоҳанд, аз хуни мардум бигиранд.
Столка
---------------------------------

Ман мухлиси барномаҳои шумоям ва мехостам ба ман хабарҳои ҳаррӯзаро ирсол намоед. Чун ман худам ҳамкасби шумо ҳастам.
Гулрухак
---------------------------------

Бисёр мақолаҳое ки дар ин ҷо менависед, дурӯғанд. Ва шумо фикр накунед, ки одамон намедонанд ё намебинанд. Мисол, мақолаи интихоботи Белорусия дурӯғ аст. Аввал BBC, CNN, Time ва телевизиони Аврупоро бинеду баъд нависед.
Бо салом
Александр ван дер Голф
----------------------------------

Хеле мамнунам, ки чунин як сомонаеро бо машварати дӯстам пайдо намудам. Чун дар мусофират қарор дорам, забони модариямро танҳо аз забони шавҳарам мешунаваму халос. Ва барои ҳамин шунидани тозахабарҳои Ватанам ба забони ширини модариам хеле ва хеле хурсандибахш аст.
Сипосгузорам аз ташкилкунандагони ин барномаҳо ва ба кулли кормандони Радиои Озодӣ тани сиҳат ва хонаи ободро таманно дорам.
Заррина
----------------------------

Душанбе ба об ниёз дорад. Душанбе, ки як шаҳри хурд аст, бояд аз ҳама чиз таъмин бошад ва ин чандон кори душвор нест. Аммо солҳост, ки ин чизро мегӯянду чизе дигар намешавад ва ҳамон раҳбарон дар сари кор ҳастанду ба халқ ҷавоб намедиҳанд, ки чаро ин тавр аст?
Муҳаммад
------------------------

Барномаҳои шуморо дӯст медорем, бисёр ҷолибанд. Барои ҳамватанони мо дилу ҷигарамон об мешавад.
Файа.
-----------------------

Ин сомонаро хеле дӯст дорам ва аз тариқи он аз хабарҳои тоза огоҳ мешавам.
Насиба
-------------------------

Ман як шунавандаи шумо, як шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар дар Ҳиндустон таҳсил дорам. Ман хеле хурсандам, ки чунин барномаи хубуҷолиб дорем ва ин барнома барои афроде чун ман дар берун аз кишвар бисёр муфиданд. Ман аз таъсиси ин сомона шукр мекунам ва ба ҳамаи кормандон барори кор мехоҳам. Таманно дорам, чунин барномаҳо зиёдтар шаванд.
Сангини Комилзод
XS
SM
MD
LG