Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳумдин Шарифов: "Таркишҳо ифшо шудаанд"


Таркишҳои назди бинои вазорати изтирории Тоҷикистон амали дасти афродест, ки ба Ҳаракати исломии Узбакистон иртибот доранд. Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо эъломи ин ҳарфҳо гуфтааст, ҳар дуи ин таркиш комилан ифшо шудаанд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе, 17 апрел дар як нишасти матбуотӣ сухан мекард, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир, се фарди муттаҳам ба иҷрои таркиши рӯзи 31 январи соли 2005 боздошт шуда ва як нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Якеи боздоштшудаҳо шаҳрванди Узбакистон ва ду нафарашон сокинони шаҳри Душанбе будаанд. Бино бар гуфтаи Ҳумдин Шарифов, он ки Мирзо Зиёев, вазири умури изтирорӣ ба бозгашти аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон аз навоҳии наздимарзӣ ба кишварашон ёрӣ надодааст, ин афродро ба ин таркиш таҳрик додааст. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, таркиши рӯзи 13 июни соли гузашта низ ифшо шудааст ва як сокини ноҳияи Панҷ ба иттиҳоми даст доштан дар ин таркиш боздошт гардидааст.
XS
SM
MD
LG