Пайвандҳои дастрасӣ

Хабар, сиёсат ва танз


Брюс Ҷекобс Коршиносони умури матбуот дар таъйини жанри намоиши телевизионии Ҷон Стюарт дар шабакаи телевизионии CNN мушкилӣ мекашанд. Бархе онро мазҳака меноманд, бархи дигар, нашри хабарии пур аз мурчу намак.

Даҳҳо миллион нафар дар сартосари ҷаҳон вақте расми тақдими ҷоизаҳои Оскарро моҳи гузашта тамошо мекарданд, шояд аввалин бор ширинкори амрикоӣ Ҷон Стюартро диданд, ки муҷрии ин маҳфил буд ва бо хушгӯиҳои нишонрас ин анҷумани умдатан мутантану расмиро дилпазиру намакин кард. Аммо дар худи Иёлоти Муттаҳида Стюарт ҳамчун гардонандаи намоиши "Дейли Шоу" дар шабакаи телевизионии CNN машҳур аст. Ва касест, ки хабарҳои сиёсии рӯзро бо ҳазлу шӯхӣ ва танз омезиш медиҳад.
Намоиши телевизионии Ҷон Стюарт аз хабару иттилоъи ҳаррӯза таркиб ёфтааст, аммо онҳоро ба шакле пешкаш мекунад, ки таваҷҷӯҳи ғамгинтарину фориғболтарин бинандаро ҳам ба худ мекашад.
Стюарт барномаро бо хондани хабарҳои рӯз шурӯъ мекунад ва сипас ба онҳо вокунише нишон медиҳад, иборат аз ҳайрат, ғазаб, тамасхур ва пузханд. Яке аз ҳадафҳои доимии ӯ президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш аст. Стюарт бо ширинкорӣ шеваи гуфтори ӯро тақлид мекунад. Ҳамчунин мухолифон аз Ҳизби демократ, матбуот, дину мазҳаб, нажодпарастӣ, Ироқ ва ҳатто терроризм ҳадафи тамасхури Стюарт қарор мегиранд. Вай порчаҳое аз суханрониҳои сиёсатмадорон ва ё омилони хабарро намоиш медиҳад ва бо кашидани яке аз нуктаҳои муҳими ин суханон мушкили бузургтареро дар либоси ҳаҷв ба саҳна меорад. Чунончи, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс дар мусоҳиба бо телевизиони Бритониё гуфт, оре, мо дар Ироқ ба баъзе иштибоҳҳои тактикӣ роҳ додем, вале таърих довар хоҳад буд, ки тасмими стратегии ҳукумати Буш дуруст буд.
Стюарт ин порчаро намоиш дод ва бо овози баланд хандид ва гуфт: "Бояд бигӯям аз ин узри беҳтареро дар умри сарам нашунида будам. Оре, мо хато кардем, Таърих нишон хоҳад дод. Заррае ишора ба имрӯз нест, ба воқеъият нест. Танҳо оянда додгоҳи мо хоҳад буд. Ман наметавонам интизор шавам, ки касеро барои куштор ингуна дифоъ кунанд. Ҷаноби додгустар, оё ман он одамонро куштам ва ё таърих бояд ҳукм кунад?"

Стюарт мегӯяд, дар истифода аз хабару навгонӣ ба ҳеҷ кӯтоҳӣ ва ё дурӯғ роҳ намедиҳад ва фақат онро тавре пешкаш мекунад, ки одамон хандаи гиряолуд кунанд. Вай мегӯяд, ин як навъ таҳлили сиёсии омехта бо ҳаҷви сиёсист. Стюарт кори худро ба саҳифаи назарҳои рӯзномаҳо ташбеҳ медиҳад.
Ва ҳамеша дар намоиши ӯ як мусоҳиба низ баргузор мешавад, бо чеҳраҳои маъруф, фаразан, монанди сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Макейн ва ё собиқ номзади демократҳо дар инихоботи президентӣ Ҷон Карри.
Дар Иёлоти Муттаҳида наздик ба якуним миллион бинанда ҳафтае чор рӯз пои телевизионҳо менишинанд, то барномаи Стюартро тамошо кунанд. 21 дарсади бинандагон ҷавонони аз 18 то 29-солаанд, ки чунин ҳол ба намоишҳои танзи телевизионҳои амрикоӣ кам дар кам хос аст.
XS
SM
MD
LG