Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои самбои Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии дастаи мунтахаби мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии Душанбе ба поён расид.

Сардовари ин мусобиқот Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиони гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд пас аз мактаби махсуси гуштӣ дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе мақоми севвумро касб кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Эраҷ Раҳимов дар вазни 52 кило, Давлатҷон Оминов дар вазни 68 кило, Санҷар Сарфарозов дар вазни 74 кило, Собир Сулаймонов дар вазни 82 кило ва Алишер Азимов дар вазни 100 кило, гуштигирони вилояти Суғд Муҳаммадалӣ Пардаев дар вазни 57 кило ва Абдулфайз Муллоев дар вазни 62 кило, намояндаи шаҳри Ваҳдат Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни 90 кило ва узви дастаи мунтахаби Душанбе Зиёратшоҳ Баротов дар вазни беш аз 100 кило унвони қаҳрамониро соҳиб шуда, бо медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG