Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Ирон ба ҳукумати Фаластин


Вазири умури хориҷаи Ирон Манучеҳри Муттакӣ дирӯз эълон кард, кишвараш ба ҳукумати Фаластиниён ба раҳбарии Ҳамос, ки гирифтори мушкилоти молӣ шудааст, 50 миллион доллар кӯмак мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ ба ҳукумати Фаластиниёнро мутаваққиф кардаанд, зеро созмони Ҳамос канор гузоштани хушунат ва ба расмият шинохтани Исроилро рад мекунад.
Вазири умури хориҷаи Ирон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, ҳукумати Теҳрон аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба Фаластиниён мадад расонанд.
Пештар аз ин раиси ҷумҳури собиқи Ирон Ҳошими Рафсанҷонӣ ҳушдор дод, ки ҳамлаи Амрико ба Ирон сабаби ноамнӣ дар минтақа мешавад ва ба гуфтаи ӯ аз ин гуна ҳамла ҳеҷ касе баҳра нахоҳад бурд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд Эрон мехоҳад пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале иддаоҳо доир ба ҳамла ба Иронро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG