Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум ба ҳалли осоиштаи бӯҳрони ҳаставии Эрон даъват намуд


Попи Рум Бенедикти 16 ум ба ҳалли осоиштаи бӯҳрони ҳаставии Эрон, таъсиси кишвари дар воқеъ мустақили Фаластин ва ҳамкории умумиҷаҳонӣ дар мубориза ба зидди терроризм даъват намуд. Пешвои католикҳои ҷаҳон ҳангоми суханронӣ ва дуохонӣ ба муносибати Иди поки насрониҳо (яъне Истер ё Пасха) дар Ватикан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои таъмини сулҳ дар Ховари Миёна бо Эрон гуфтушунид кунад. Ӯ гуфт, ихтилофи назарҳо дар масоили ҳаставӣ тавассути гуфтушунидҳои ҷиддӣ ва мунсифона бо роҳи ҳалли барои ҳамаи ҷонибҳо қобили қабул бартараф карда шаванд.
Поп Бенедикт ҳамчунин аз ҳаққи Исроил ба сулҳ дифоъ намуда, дар баробари он аз ҷомеаи байналмилалӣ дархост намуд, ки ба мардуми Фаластин барои эҷоди кишвари воқеан мустақил кӯмак намояд.
Пешвои католикҳои ҷаҳон дар суханронии идонааш ҳамчунин аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуд, то барои таъмини ҳамзистии осоишта миёни намояндагони ҳамаи нажодҳо, фарҳангҳо ва динҳо талош кунанд, то хатари терроризм аз байн бурда шаванд.
Ин нахустин таҷлили Иди пок ё Истер баъди марги Попи маъруфи Рум -- Йоҳан Павели дуввум мебошад. Ӯ дар маросими идонаи соли гузашта сахт бемор буд ва шаш рӯз баъди Истер вафот кард. Дар ҳоле, ки католикҳо ва дигар насрониҳои ғарбӣ Истерро рӯзи якшанбе таҷлил намуданд, пайравони калисоҳои шарқӣ, ба шумули масеҳиҳои Русия Иди пок, яъне Пасхаро ҳафтаи оянда ҷашн хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG