Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордоди ҳамкорӣ миёни «Синхуа» ва «Ховар»


Хабаргузории расмии Чин «Синхуа» дар заминаи табодули маълумот ва фанновариҳои иттилоъотӣ қасд дорад бо хабаргузории миллии Тоҷикистон »Ховар» ҳамкорӣ намояд.Дар ин бора ахиран дар шаҳри Душанбе миёни мақомоти хабаргузориҳои «Синхуа» ва »Ховар» як қарордоди ҳамкории ду ҷониба ба имзо расидааст.Зафар Саидов раиси хабаргузории миллии Тоҷикистон мавсум ба »Ховар» гуфтааст дар чаҳорчӯби ин қарордод тарафҳо ба ҳамкориҳои худ дар заминаи табодули таҷриба ва такмили маҳорати касбии хабарнигорон густариш хоҳанд бахшид.Ба гуфтаи раиси хабаргузории миллии Тоҷикистон имзои қарордод миёни хабаргузориҳои «Синхуа» ва «Ховар» ҳамчунин заминаи мусоиъиди нашру пахши иттилоъотро роҷеъ ба кишварҳои ҳамҷавор чӣ дар Чин ва ҳам дар Тоҷикистон фароҳам месозад.Бар асоси қарордоди тарафайни «Синхуа» ва «Ховар» ҳамчунин дар назар аст ду хабаргузорӣ дар ояндаи наздик дар кишварҳои ҳамдигар расман фаъолияти намояндагиҳои худро роҳандозӣ намоянд.
Хабаргузории »Ховар» кӯҳантарин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Он соли 1925 бо номи Тоҷик Та ба фаъолият оғоз намудааст.Соли 1992 дар пайи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон он тағйири ном карда,ба хабаргузории миллии «Ховар» табдил ёфт. Матолиби худро хабаргузории «Ховар» дар ҳоли ҳозир бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр мерасонад.
XS
SM
MD
LG