Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қасди ҷиноҳи " Ватан"- барои таъсиси бахшҳо дар Қӯрғонтеппа


Як гурӯҳи корӣ аз ҷиноҳи «Ватан»-и Ҳизби демократи Тоҷикистон ахиран бо мақсади таъсиси бахшҳои ин ҳизб дар вилояти Хатлон озими шаҳри Қӯрғонтеппа шудааст. Масъуд Собиров, раиси ҷиноҳи «Ватан» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бахшҳои Ҳизби демократ дар минтақаи Қӯрғонтеппа хеле заъифанд ва онҳо тақрибан аз фаъолият бозмондаанд.Ба гуфтаи оқои Собиров, фаъолияти бахшҳои Ҳизби демократ аллакай дар навоҳии Ҷилликулу Колхозобод барқарор шудааст. Ҳамакнун масъулони ҷиноҳи «Ватан» мехоҳанд бахши вилоятии ҳизби демократро дар шаҳри Қӯрғонтеппа дубора таъсис ва барои он қароргоҳ интихоб намоянд. Раиси муваққатии бахши Ҳизби демократ дар минтақаи Қӯрғонтеппа Бегиҷон Кулулаев таъсиси ҷиноҳи «Ватан»-ро истиқбол намуда аз ҳадафу барномааш эъломи пуштибонӣ кард. Дар ҳамин ҳол Чинигул Каримова, узви ҷиноҳи «Ватан» мегӯяд, сабаби аслии коҳиш ёфтани нуфузи ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппа бемасъулиятии раёсати феълии Ҳизби демократ дар шахси муовини раиси он Раҳматулло Валиев аст. Ӯ афзуд, Ҳизби демократ замоне бонуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар буд ва ҳадафи аъзои ҷиноҳи «Ватан» ин аст, ки обрӯ ва нуфузи пештараи ҳизбро барқарор намояд.Ҳизби демократи Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа 480 узв дорад. Ва аммо шумори аъзои ҷиноҳи «Ватан» ба 20 нафар мерасад. Мақомоти Ҳизби демократ фаъолияти ин ҷиноҳро ғайриқонунӣ мешуморанд, вале масъулини ҷиноҳи «Ватан» ба навбаи худ раҳбарияти ин ҳизбро эътироф намекунанд.Масъуд Собиров,масъули кунунии ҷиноҳи «Ватан» мегӯяд, таъсис ва барқарор сохтани бахшҳои Ҳизби демократ ҳамчунин дар вилояти Суғд ва манотиқи дигари кишвар низ дар назар аст.
Носирҷони Маъмурзода, Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG