Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази ташхиси Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи модерн шуд


Бузургтарин Маркази ташхиси бемориҳои Тоҷикистон соҳиби компютери толиграфии «Астион», тавлиди ширкати машҳури Toshiba-и Ҷопон шуд. Ин дастгоҳи замонавии ташхис бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва кӯмаки молии сафорати Олмон дар ин кишвар ба қимати 600 ҳазор Евро харидорӣ шуд. Зариф Сафаров, сардухтури Маркази ташхиси бемориҳои шаҳри Душанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, компютери толиграфии «Астион» муосиртарин дастгоҳ барои муаяйн кардани бемориҳои мухталиф ба ҳисоб меравад ва Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказист, ки истифодаи онро ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, Алимаҳмад Боқиев, раҳбари шӯъбаи ташхиси ултросадоӣ мегӯяд, то ин замон дар ташхиси чанд навъ бемориҳо мушкил эҳсос мешуд. Акнун ин дастгоҳ мушкилоти мавҷудро аз байн мебарад:
«Тамоми касалиҳое, ки то ҳол мо наметавонистем бо дигар усулҳо аниқ намоем, акнун ба воситаи ин дастгоҳ ташхис хоҳанд шуд. Барои ташхиси амрози шуш, сутунмуҳра, гурдаҳо ва мағзи сар ин асбоб истифода бурда мешавад.»
Ташхиси беморӣ тавассути дастгоҳи нав аз яксаду понздаҳ то саду шаст сомонӣ арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG