Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи озмун барои таҳқиқи таърихи Қурғонтеппа


Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа тахмин мезананд, ки маркази идории вилояти Хатлон - шаҳри Қурғонтеппа таърихи беш аз се ҳазорсола дорад. Маҳмадалӣ Насруллоев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ҳукумати маҳаллӣ миёни таърихшиносон як озмун эълон кардааст,ки ҳадафи он муайян намудани таърихи гузаштаи шаҳр ва водии Қӯрғонтеппа ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамин ҳол шаҳрдори Қӯрғонтеппа камбуди манзили зист,нақлиёти мусофирбар ва оби ошомиданир аз мушкилоти аслии сокинони Қӯрғонтеппа унвон менамояд ва меафзояд мушкилоти зикршуда бидуни мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ҳалли худро нахоҳанд ёфт. Дар соли ҷорӣ қарор аст як манзили истиқоматӣ иборат аз 20 ҳуҷра мавриди истифода қарор гирад,аммо дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1100 шаҳрванди Қӯрғонтеппа дар навбати манзиланд.Дар ҳамин ҳол ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифтааст барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллиро ҷалб кунад.Ҳамзамон вазорати нақлиёти Тоҷикистон ваъда додааст,ки дар соли 2007 ба шаҳри Қӯрғонтеппа 20 адад мусофирбар тақдим мекунад ва бо ин мушкили нақлиёт низ то андозае ҳал хоҳад шуд. Вале барои ҳалли мушкили оби нӯшиданӣ 11 миллион доллари амрикоӣ лозим будааст.
Ва аммо зоҳиран мушкили аслии иҷтимоъии шаҳри Қурғонтеппа дар ҳоли ҳозир ин бекории сокинони он маҳсуб меёбад.Гуфта мешавад дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 900 нафар дар Қурғонтеппа соҳиби ҷойи кор шудаанд ва то охири соли 2006 бо бунёди 250 таъсисоти ҷадид фароҳам шудани беш аз сеюним ҳазор ҷойи нави корӣ барои сокинони Қӯрғонтеппа дар назар аст.
XS
SM
MD
LG