Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе дафтари Хадамоти федеролии Русия фаъол мегардад


.

Хадамоти федеролии мубориза бо қочоқ ва интиқоли маводи мухаддири Русия тасмим гирифтааст дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон дафтари намояндагии худро боз намояд.Рустам Назаров раиси Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт бар асоси тавофуқи тарафайн қарор аст дафтари намояндагии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Хадамоти федеролии Русия то охири моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе гушоиш ёбад.Ба гуфтаи ҷаноби Назаров ифтитоҳи дафтари намояндагии мазкур бар асоси дастури вижаи Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия сурат мегирад ва дар он дар шаҳри Душанбе 50 нафар афсарони омӯзиш дидаи рус дар заминаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул ба фаъолият хоҳанд шуд.Ба гуфтаи раиси Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон Хадамоти федеролии Русия қасд дорад дар соли равон намояндагиҳои мушобеҳи худро ҳамчунин дар Афғонистон, Узбакистон ва бархе аз кишварҳо,ки ба бовари коршиносон масири аслии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия маҳсуб меёбанд, таъсис бидиҳад.
Ҳамзамон бо ин раиси Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон иттилоъ додааст,ки ҳамакнун масъалаи бозгушоии намояндагиҳои ин бунгоҳ дар чаҳор шаҳри Русия ба шумули Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирск дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Дар ҳоли ҳозир ожонси мазкур танҳо дар кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон - Афғонистон намояндагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG