Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҷӯёи таҳримот ба зидди Ирон


Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ин кишвар дар нишасти Маскав аз ҳампаймонҳояш хоҳад хост, то ки ҷорӣ кардани таҳримот ба зидди Ирон аз ҷумла масдуд кардани ҳисобҳои бонкии ин кишвар ва маҳдуд кардани сафарҳои мақомоти ирониро баррасӣ кунанд. Қарор аст, ин нишаст рӯзи сешанбе шурӯъ шавад ва дар он намояндагони олирутбаи Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо ва Чин ва мизбони нишаст Русия ширкат кунанд.
Рӯзи гузашта, 14-уми апрел раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод дигарбора талабҳои ҷомеаи байналмилал барои қатъи барномаҳои ғанисозии уран дар ин кишварро рад кард ва гуфт, Ирон ба фишору таҳдидҳо тан нахоҳад дод.
Муовини раиси Оҷонси Нерӯи Атомии Эрон Муҳаммад Сайидӣ низ дирӯз гуфт, барномаҳои ҳастаии Ирон бо Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ муғойират надорад. Ин баёнияи Муҳаммад Сайидӣ ба думболи сафари раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ Муҳаммад Ал Бародаӣ ба Теҳрон садо дод, ки рӯзи панҷшанбе бо мақомоти Ирон дидору гуфтугу дошт. Эрон чанде пеш гуфт, ки олимони кишвар муввафақ ба ғанисозии уране шуданд, ки онро метавон ҳамчун сӯзишворӣ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истифода бурд.
XS
SM
MD
LG