Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пайванд"-ро гусастанд


Ҳафт шабакаи ТВ-и мустақили маҳаллӣ, ки мутобиқи иҷозатномаҳои расмӣ фаъолият мекунанд - аз ҷумла, «ТВ-Азия» ва«СМ-1» ҳарду аз шаҳри Хуҷанд, «Ғулакандоз»-и Ҷаббор Расулов, «Ҷаҳоноро»и шаҳри Чкаловск, «Симо» - и шаҳри Панҷакент, «ТВ-Регар» аз Турсунзода ва «Мавҷи Озод»-и ноҳияи Темурмалик, мутобиқи як созишнома аз 25 ноябри соли 2005 то имрӯз барномаҳои муштаракро бо номи «Пайванд» омода ва тариқи мавҷҳои ҳамдигар пахш мекарданд. Баракатулло Абдулфайзов, сардори бозрасии давлатии ТВ ва радиои Тоҷикистон гуфт, барномаи муштараки ТВ-ҳои маҳаллӣ - «Пайванд» ба талаботи низомномаи ҷадид, ки 5 сентябри соли 2005 тасдиқ шудааст, мувофиқат намекунад.

«Бозрасии давлатии ТВ ва радиои Тоҷикистон нисбат ба мӯҳтаво ва пахши барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ эрод надорад. Гап сари он аст, ки статуси ҳамин барномаи муштараки «Пайванд» ба низомномаи нав мувофиқат намекунад. Барои ҳамин ҳам, бояд ин телевизионҳо иҷозатномаи нав бигиранд.»

Баракатулло Абдулфайзов ҳамчунин гуфт, ахиран, аз ҷониби бозрасии давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳафт телевизиони маҳаллӣ, ки узви созишнома оид ба омода ва пахши барномаҳои муштараки «Пайванд» мебошанд, дар ин маврид номаи расмӣ ирсол шудааст. Аммо масъулини бархе аз ТВ-ҳои маҳаллӣ аз чунин як номаи расмии бозрасии давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон изҳори ноогоҳӣ карданд. Ҳабиб Мақбулов, раиси «ТВ-Регар» зимни як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт:

«Ман рости гап ҳоло чунин нома нагирифтаам. Агар бо ин нома шинос шавам, баъд ба ягон қарор меоем албатта ва мепурсем, ки чаро барномаҳои муштараки мо манъ шудааст.»

Акрамҷон Урунов, раиси « СМ-1»-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, шабакаҳои телевизионии узви созишнома оид ба омода ва пахши барномаҳои муштарак, унвонии бозрасии давлатии ТВ ва радиои Тоҷикистон як нома ирсол намудаанд:

«Бароям мушаххас нест сабаби манъ шудани пахши барномаҳои муштарак. Мо, ки ягон кори хилофи қонун накардем. Барои ҳамин ҳам як нома аз номи ТВ-ҳои маҳаллӣ ба бозрасӣ навиштем ва бояд интизори посухи ин ниҳод бошем.»

Бино ба гуфтаи сардори бозрасии давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, то замоне, ки ТВ-ҳои маҳаллӣ аз комиссияи муҷаввиздиҳии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иҷозатнома нагиранд, барои пахши «Пайванд» изн дода нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG