Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷоми Спартакиада дар Душанбе


Спартакиада ё мусобиқоти мактаббачагони шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 15-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба поён расид. Маросими пӯшидашавии спартакиада рӯзи ҷумъаи 14 апрел дар қасри тенниси пойтахти кишвар баргузор шуд. Дар ин маросим Санавбар Раҳимова, раиси кумитаи тадорукоти спартакидаи шаҳрӣ ва муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, мусобиқот бо ширкати беш аз 600 нафар дар 11 риштаи варзиш тӯли як моҳ идома кард. Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот бо ҳадафи рушди минбаъдаи варзиш миёни наврасону ҷавонон доир шуд. Дар спартакиада дастаи мунтахаби ноҳияи Шоҳмансур мақоми аввалро ишғол кард. Дастаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мақоми дуввум ва тими ноҳияи Сино дар мақоми севвум қарор гирифтанд. Вафо Юсупов, муовини сардовари спартакиадаи мактаббачагони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки ғолибони мусобиқоти шаҳрӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби пойтахти кишвар дар давраи ниҳоии Спартакиадаи мактаббачагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 12 то 17 май дар Душанбе доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG