Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 5 миллион литр май тавлид мекунад


Ворис Мадаминов, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, чаҳордаҳуми апрел гуфтааст, кишвари ӯ омода аст, бидуни ҳеҷ халале ба тиҷорати кишварҳои дигар майи худро ба Русия содир намояд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, гуфтааст, аз сафорати Гурҷистон дар мавриди баровардани майи тоҷикӣ ба бозорҳои Русия ба ҷои майи гурҷӣ як номаи эътирозӣ дарёфт кардааст. Вале Ворис Мадаминов садо додани чунин як изҳороте аз ҷониби вазорати кишоварзии Тоҷикистонро расман инкор намудааст. Вазири кишоварзӣ гуфтааст, дар кишвар 46 намуди май коркард мешавад ва захоири май дар ҷумҳурӣ ба 5 миллион литр баробар аст. Ӯ гуфтааст, кишвараш омода аст, дар сурати пайдо шудани харидоре майи худро ба бозори он кишвар барорад, вале ин кор бидуни нақзи ҳуқуқи давлате дигар сурат хоҳад гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG