Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Шри Ланка: Ҷом насиби кист?


Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон баъди ғалаба бар дастаи Қирғизистон гуфт, ки дар бозии шогирдонаш хастагӣ ба назар мерасад: « Вале кори мо ҳанӯз аз рӯи нақша ҷараён дорад ва мо ба бозии ниҳоӣ омодагӣ мегирем. Ман дидори Шри-Ланкаро бо Непал тамошо карда, бо усули бозии ҳарифамон ошно шудам. Бинобар ин барои рақобат бо Шри-Ланка дар финал нақшаи вижагии бозии дастаамро тарҳрезӣ кардаам. Ба ғалабаамон дар ин бозии тақдирсоз бовар дорам.»

Сампат Перера, мураббии тими мунтахаби Шри-Ланка баъди пирӯзии дастааш дар бозии нимниҳоӣ дар сомонаи интернетии AFC гуфтааст: « Мо собит намудем, ки дар ин мусобиқот яке аз беҳтарин дастаҳо маҳсуб мешавем. Бозигарон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи ба зимаашон гузоштаи мураббиён бо сарбаландӣ баромаданд. Ва ҳоло фикрамон ба пирӯзии даста дар Ҷоми даъвати AFС банд аст, мекӯшем, ки ҳамватанони худро хушнуд созем.»

Ба гуфтаи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон ин аввалин дидори футболбозони тоҷик бо тими миллии Шри-Ланка мебошад. Тоҷикистон дар рейтинги FIFA дар зинаи 141-ум ва тими Шри-Ланка 4 зина поинтар -- дар ҷойи 145-ум қарор доранд.

То оғози ин мусобиқот, ки барои аввалин бор баргузор шудааст, касе Шри-Ланкаро муддаии Ҷоми даъвати AFC намеҳисобид, вале, ғайричашмдошт ин даста ба финал баромад. Ва аммо Тоҷикистон дар ин мусобиқот аз ҷониби коршиносон муддааии аслии ҷом ҳисобида мешавад. Мувофиқи як назарсанҷии сомонаи интернетии AFC низ шонси бештари пирӯзӣ дар Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиёро тими Тоҷикистон доштааст. Ба ғалабаи ин даста 83,93 %-и раъйдиҳандагон итминон доштаанд. Ба Шри-Ланка - 16,07 % раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG