Пайвандҳои дастрасӣ

Ёриҳои Созмони Милал ба навоҳии дурдасти Тоҷикистон


Аҳад Маҳмудов, раҳбари барномаи дастгирии ҷамоатҳои UNDP мегӯяд, ҳадафи барномаи мазбур, аз як ҷониб дар ихтиёри мардуми камбизоат гузоштани ёриҳои молӣ ва аз ҷониби дигар, ба эшон омӯзонидани роҳҳои истифодаи дурусту афзали ин маблағҳо дар ташкили соҳибкории хурду миёна мебошад:

«Феълан, маблағҳои ин ҷамоаҳо аз 30 ҳазор то 50- 60 ҳазор доллар гардиш хӯрдааст ё зиёд шудааст. Акнун худи онҳо метавонанд аз ҳисоби афзоиши ин маблағҳо мактаб созанд, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳ созанд ё барои мардуми камбизоат кӯмакпулӣ диҳанд.»

Гулшан Кулолова, раиси ҷамоати ба номи «Телмон»-и ноҳияи Қумсангир мегӯяд, то имрӯз ҳудуди 200 сокини ҷамоати мазкур аз чунин кӯмакҳои пулӣ, ки аз 200 то 1000 долларро ташкил медиҳад, барои шурӯъи бизнеси худашон истифода кардаанд. Ӯ мегӯяд, беш аз 35 %-и афроде, ки аз чунин ёриҳои хӯрди молӣ истифода мебаранд, занҳо мебошанд:

«Мо 18 ҳазор доллар гирифтем, ки аз ин ҳисоб 30 дар садаш барои рушди соҳибкорӣ, 15 фоиз барои корҳои кишт, 10 фоиз барои молпарварӣ ва беш аз 20 фоиз барои оҳангарӣ ва занбӯри асалпараварӣ масраф шудааст.»

Робия Ҷӯраева, як сокини ноҳияи Қубодиён мегӯяд, вай пули пасандозкардаашро мехоҳад бо иловаи 500 доллари қарз гирифтааш чаҳор мошинаи дарздӯзӣ харида як корхонаи хурди хайётӣ таъсис диҳад ва беш аз 10 занро бо кор таъмин намояд. Эмомиддин Ёрматов, сокини ноҳияи Панҷ мегӯяд, ӯ барои хариди тухмии картошка 200 доллар гирифтааст ва ӯ боварӣ дорад, ки метавонад 200 сентнер картошка ба даст оварда қарзашро баргардонад ва низ хонаводаашро таъмин намояд. Искандар Авазов, раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Панҷ бо изҳори сипос аз созмонҳои байнулмилалӣ барои кӯмакҳояшон дар роҳи коҳиши фақр дар ин минтақа гуфт:

«Ҳоло ягона воситае, ки мардумро аз вартаи фақр берун меорад, барномаҳои кӯмаки ин созмонҳои хориҷӣ мебошад. Мардум ва ман ҳам ҳамчун раиси ҷамоат аз онҳо розӣ ва сипосгузорам.»

Ва аммо мардуми навоҳии мухталифи вилояти Хатлон мегӯянд, ҳарчанд шартҳои гирифтан ва пардохтан ё гарави чунин қарзҳо нисбат ба бонкҳо ночиз ва мувофиқтар аст, ва аммо бо ин вуҷуд, бахши аъзами аҳолии минтақаҳои дурдаст имкони гирифтани чунин қарзҳоро надоранд. Зебуниссо Султонова, сокини ноҳияи Қумсангир мегӯяд, ӯ омӯзгор аст, манзили зист надорад ва хонаводааш дар фақр ба сар мебарад. Ӯ мехостааст, аз барномаи дастгирии ҷамоатҳо қарз бигирад, вале имкони гарав гузоштани чизеро надорад ва маҷбур аст, ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Русия равад.

Тибқи маълумоти дафтари UNDP дар Тоҷикистон, бо ибтикори барномаи дастгирии ҷамоҳатои ин созмон, дар навоҳии дурдасти Тоҷикистон бунёд ва таъмири роҳҳо, макотиб, сохтмони обкашҳо ва дастгоҳҳои барқтаъминкунӣ, варзишгоҳ, марказҳои алоқаи телефони байнишаҳрӣ ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ, дар навоҳии дурдасти вилояти Хатлон, то имрӯз, ҳудуди 20 ҷамоати дастгирии соҳибкории хурду миёна созмон ёфтааст ва ҳудуди 11.000 сокини навоҳии Шаҳритус, Қубодиён, Қумсангир, Панҷ ва Бохтар ба соҳибкории хурду миёна машғул мебошанд. Дар саросари Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони қарзҳои хурди барномаи рушди СММ ба 42.000 нафар расидааст ва беш аз 60 %-и ин шуморро занҳо ташкил медодаанд.
XS
SM
MD
LG