Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Бонки Исломии Рушд ба Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон


Бонки Исломии Рушд бо ҳадафи мусоидат ба сохтмони Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ дар шаҳри Душанбе 159 000 $ аз бунёди вақфи худ ихтисос додааст. Тасмими ихтисоси маболиғ ба силсилаи кишварҳои исломӣ ва созмонҳои мусалмонони кишварҳои ғайриисломӣ ба хотири дастгирии тарҳҳои омӯзишӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар як нишасти шӯрои мудирони иҷроияи ин бонк дар шаҳри Ҷиддаи Саудӣ иттихоз шудааст.
Ҳамакнун, барои сохтмони мактаби вижа барои духтарон дар Банғолаи Ҳиндустон, академия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, маркази омӯзиши касб дар Сомалӣ, кофтани чоҳҳои об дар Малавӣ, мактаб дар Мавритус, донишгоҳи исломӣ дар Нижний Новгороди Русия (358.000 $) ва дастгирии тарҳҳои сохтмони маҳаллоти истиқоматӣ дар Афғонистон маболиғе аз бунёди вақфи Бонки исломии рушд тахсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG