Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикдухтаре, ки ба Кения ҳероин мебурд


Шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе Афзоиши арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари Душанбе мавзӯъе буд, ки дар ин ҳафта нашрияҳои чопи пойтахт онро дунбол кардаанд.

"Азия-Плюс" аз қавли шаҳрдории Душанбе овардааст, ки қиммати қаблии роҳкиро танҳо каме беш аз 40 дар сади масрафоти нақлиёти мусофирбари пойтахтро мепӯшонид. Дар навиштаи нашрия омадааст, боз ҳам аз қавли шаҳрдорӣ, ки чун маош зиёд шуд ва нархи дигар хадамоти шаҳрӣ низ боло рафт, афзоиши роҳкирои нақлиёт як амри табиист.

Ва аммо бино бар навиштаҳои ҳафтаномаҳо, ҳам ронандаҳо ва ҳам мусофирон аз болоравии нархи роҳкиро нороҳат ва норозӣ шудаанд.

«Азия-Плюс» ҳарфҳои чанд ронандаи микробас ва ё маршруткаро овардааст, ки гуфтаанд, қаблан, манфаати бештар ба даст меоварданд, зеро афзоиши арзиши роҳкиро танҳо теъдоди пиёдагардҳоро зиёд кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» назароти сокинони оддии Душанберо пурсон шудааст ва кулли пурсидашудаҳо гуфтаанд, аз боло бурдани нархи роҳкиро нороҳат ҳастанд.

«Вечерний Душанбе» ҷанҷолҳои лафзиеро миёни пулчинҳо ва мусофирон дар нақлиёт баъд аз боло рафтани нархи роҳкиро мушоҳида кардааст. Ин нашрия ҳамчунин аз донишҷӯён ёдовар шудааст, ки кортҳои якмоҳа барои онҳо якбора аз 2,5 сомонӣ ба 12 сомонӣ боло рафтааст. Навиштаҳои «Вечерний Душанбе» ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки масъулин ният доштаанд, фоидаи аслиро маҳз аз фурӯши ҳамин кортҳо бигиранд.

«Азия-Плюс» ба нақл аз масъулин навиштааст, ки ҳоло масъалаи фурӯши хатсайрҳо тариқи музояда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва созмоне, ки хатсайреро мехарад, ҳақ пайдо хоҳад кард, нархи хостаи худро муқаррар намояд.

Дар матлаби дигаре ҳафтаномаи «Азия - Плюс» мавзӯъи бунёди нерӯгоҳи Роғунро матраҳ карда ва навиштааст, ки дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Олег Дерипаска, сарвари шӯрои мудирони ширкати Русал, ки муъоҳид буд, нерӯгоҳи Роғунро бисозад, гиреҳи мушкили Роғунро боз накард. Дар навишта омада, ки дар охири моҳи апрел ширкати олмонии «Ламайер», ки маблағи корашро Русал мепардохтааст, бояд тарҳи бунёди сарбандро пешниҳод намояд ва эҳтимоли он мавҷуд аст, ки яке аз тарафҳо ба ин тарҳ розӣ нашавад. Дар он сурат, лозим меояд, ки барои Роғун сармоягузори дигаре ҷустуҷӯ бишавад.

Мавзӯъи дигаре, ки чанд ҳафтаномае дар шумораҳои тозаи худ дар бораи он матолиб интишор дода буданд, муҳоҷират буд.

«Вечерний Душанбе» бо ихтисоси ду сафҳа ба ин масъала назари афроди маъруфи Русияро дар мавриди доман густардани ақидаи миллатгароии ифротӣ дар ҷомеаи Русия, бавижа миёни ҷавонон чоп кардааст. Дар саҳафоти ин нашрия, ҳамчунин гуфтугӯе бо Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон чоп шудааст. Сафири Русия гуфтааст, дар Думаи Русия чанд вакиле ҳастанд, ки аз гурӯҳҳои скинҳед ҷонибдорӣ менамоянд ва сафири Русия онҳоро нацистҳои аслии Русия номида ва бурузи ин ақоидро хилофи манофеъ ва сиёсати Русия гуфтааст.

Дар як навишта «Вечерний Душанбе» аз баррасии тарҳи барномаи давлати Тоҷикистон дар мавриди мубориза бар зидди хариду фурӯши одам гузориш додааст. Гуфта шудааст, Тоҷикистон низ рӯёрӯи мушкили фурӯши одамон қарор дорад, ки баъдан барои танфурӯшӣ ва ғуломони корӣ истифода мешаванд.

«Чархи Гардун» як қиссаи духтараки тоҷикеро нашр кардааст, ки водор ба бурдани ҳероин ба шаҳри Найробии Кения шуда будааст. Нависандаи ин қисса Салоҳиддин Насриддинов, собиқ муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сарвари ҳайъати ҳукуматӣ барои бозгардони духтарони тоҷик аз Иморот аст, ки силсилае аз дидаҳояш ба ҳини сафарҳои хидматӣ дар Иморотро рӯи коғаз овардааст.

«Азия-Плюс» сабади истеъмолии расмӣ ва воқеъӣ дар Тоҷикистонро ҳисоб ва муқоиса кардааст. Расман, ҳадди ақалли сабади истеъмолии ҳар як сокини Тоҷикистон баробар ба ҳудуди 45 сомонӣ будааст, вале аз рӯи ҳисоби нависандаи матлаб ҳадди ақалли сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон бон архи бозор баробар ба бештар аз 140 сомонӣ шудааст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як матлабе таҳлилӣ чоп карда ва дар пояи сафари Ҷорҷ Буш ба Деҳлӣ ва тавофуқоте миёни Амрикову Ҳинд ҳадс задааст, ки Вашингтон Маскавро аз як бозори азими силоҳ маҳрум месозад. Ва аммо наздик омадани Ҳинд бо Амрико, бино бар навишта, Исломободро аз Вашингтон дур мекунад, ки аз ин Русия ва Чин метавонанд, истифода бурда ба Покистон наздик бишаванд.

Ва як мусоҳабаи ихтисосӣ аз ҳафтаномаи «Миллат», ки бо Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули бахши Ҳизби Демократ дар Душанбе анҷом шудааст. Раҷаби Мирзо гуфтааст, талоши таъсиси ҷиноҳи «Ватан» дар дохили ин ҳизбро хатаровар намешуморад ва ҳизб ин гуна ҳақро ба аъзояш додааст, вале иллати расман шинохта нашудани ҷиноҳи «Ватан» аз ҷониби раёсати шаҳрии ҳизб дар он будааст, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ташкилкунандагони ин ҷиноҳ, бино бар гуфтаи Раҷаби Мирзо, на ҳама талаботи ойинномаро риоя кардаанд.
XS
SM
MD
LG