Пайвандҳои дастрасӣ

"Навгониҳо"- и ширкати ҳавоӣ


Тоҷикистон танҳо як ширкати ҳавопаймоӣ дорад бо номи «Тоҷикистон», ки муассисаи давлатист ва тайи 5 соли охир 4 бор роҳбарияти он ба манзури беҳбуд бахшидани кори ин ширкат тағйир кардааст. Охирин навбат ислоҳоти кадрӣ дар сатҳи раёсати ин ширкат ду моҳ пеш ба амал омад. Нахустин ислоҳе, ки роҳбарияти нав ворид кардааст дар зоҳири фурудгоҳи Душанбе мушоҳида мешавад. Ин тағйир иборат аз табдили тоблуи бузурги "Фурудгоҳ" ба "Аэропорт" бар сари бораи бинои фурудгоҳи Душанбест. Яъне зоҳири фурудгоҳ ба 16 соли пеш ақиб рафта. Аммо мусофирон мегуфтанд, тағйире дар хидматрасонӣ ва беҳбуде дар вазъи кори фурудгоҳ пеш наомадааст.

Аввалин чизе ки ғаши онҳоро меорад лафзи қабеҳи милисаҳои дарбон ва баъд ҳам бархурди гумрук аст. Ва вақте аз ин ҳама убур мекунӣ ба хидматгузории ба ҳамин монанд дар дар дохили ҳавопаймо мувоҷеҳ мешавӣ. Солҳост масъала якест ва гузоришҳои расонаҳо ва аз ҷумла мо низ такрор мешавад, вале пешрафте, ки то кунун ҳосил шуда, то ҷое ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ ва тамаъҷӯии руйрости кормандони интизомӣ аз мусофирон аст.

Феълан мавсими рафтани мардикорони тоҷик ба Русия аст. Ва ин мавсим боис шуда, ки чиптаи бе ин ҳам қимати ҳавопаймо боз тухми анқо шавад. Гаронии билети ҳавопймо ҳатто дар як ҷаласаи порлумон низ баҳс шуд. Аммо касе муваффақ ба мусоидат ҷиҳати танзими ин ҳол нашудааст. Чаро чунин наст? Сайидалӣ Зарифов, муовини сардори идораи монополияи Оҷонсии зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҷониби Душанбе мусофир бисёр, вале аз он тараф кам аст ва ба ин хотир имкони танзими нархи чипта вуҷуд надорад.

Акнун барои фаъолияти чанд ширкати хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои русӣ, эронӣ ва туркӣ иҷозаи парвоз дар масирҳои байналмилалӣ бо Тоҷикистон дода шудааст ва ин ҳол сабаби дигарест, ки ширкати Тоҷикистонро ба бӯҳрон дучор кардааст. Ва аз ин ҷост, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор кард, ки 5 соли оянда ин ширкат аз доираи назари Оҷонсии зидди инҳисорӣ берун монда ва худсарона тавонад, нархи билетро муайян кунад. Он гоҳ нархи билет аз ин ҳам метавонад болотар биравад. Аммо ба гуфтаи масъулини ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар тӯли як соли охир муваффақ шудаанд, ки фурӯши билети парвозҳои ширкатро дар аксари кишварҳо ба роҳ бимонанд. Иброҳим Ҷобиров, муовини сардори бахши ҳавопаймоии мулкии Тоҷикистон мегӯяд масъулини тозатаъиншуда дар садади ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкиолти дигари ширкат низ ҳастанд. Аз ҷумла мушкилоти роҷеъ ба фурӯши чипта ва хидматрасонӣ.

Аммо боз ҳам ин гузашти замон аст, ки хоҳад гуфт, масъулини тоза таъиншуда то куҷо дар амри ислоҳот ва беҳбуд бахшидан ба кори ин ширкат муваффақ шудаанд. Зеро чунин ваъдасупориҳо хоси ҳамаи масъулини пешгузаштаи ин ширкат низ будааст. Аммо онҳо иваз мешуданд, вале мушкил ҳамоно боқӣ мемонд.
XS
SM
MD
LG