Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як тоҷик дар оташсӯзии қаҳвахонаи тоҷикӣ дар Русия ҷон дод


Дар пайи як оташсузӣ дар шаҳри Оренбурги Русия як ҷавони 16-солаи тоҷик ҷони худро аз даст дода ва як марди дигари тоҷик шадидан захмӣ шудааст. Ба гуфтаи Сергей Захарченко - раиси идораи умури изтирории вилояти Оренбург, "оташсузӣ дар қаҳвахонаи "Тоҷикистон", воқеъ дар кӯчаи Липа , шаби 12 апрел рух дод. Дар ин ошхона, ки мутаъаллиқ ба як шаҳрванди Тоҷикистон будааст, аслан муҳоҷирони тоҷикистонӣ кор мекардаанд. Ба ҳангоми оташсӯзӣ, ки аз беруни сохтмон шурӯъ шудааст, хадамаи қаҳвахона биноро тарк кардаанд, вале ҷавони 16-солае бо номи Алишер Бобокалонов барои гирифтани мадракҳояш ба ошхона бармегардад ва ҳамон лаҳза боми оташгирифтаи сохтмон бар сари вай фурӯ мерезад. Сергей Захарченко ҳамчунин ба родю Озодӣ гуфт, ки оташнишонон даҳ дақиқа пас аз вуқӯъи ҳодиса ба он ҷо расидаанд, вале ба далели чӯбӣ будани сохтмон, ошхона бо тамоми дороиаш тайи муддате кӯтоҳ ба коми оташ рафтааст. Вай ҳамчунин хабар дод,ки дар ин бора додситонии ноҳияи Дзержинскй як парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва бозрасӣ идома дорад. Ба гуфтаи намояндаи Идораи умури изтирории Оренбург, оташсӯзии омидона (қасдӣ) ба унвони яке аз далоили эҳтимолии вуқӯъи ин ҳодиса мавриди баррасист. Бино ба хабари вазорати дохилаи Тоҷикистон, аз оғози соли 2006 то кунун 53 шаҳрванди муҳоҷири Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла оташсӯзӣ ба ҳалокат расидаанд ва 16 нафари дигар кушта шудаанд.

Муҳаммадраҳими Сайдар, аз Маскав
XS
SM
MD
LG