Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Шойгу аз Тоҷикистон боздид мекунад


Қарор аст рӯзи панҷшанбе,13 апрел, Сергей Шойгу - раиси кумисюни байнидавлатии Русияву Тоҷикистон дар умури бозаргонию иқтисодӣ ва вазири умури изтирории Русия дар садри як ҳайъати расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар, ки пеш аз зуҳри рӯзи панҷшанбе оғоз мешавад, дар назар аст Сергей Шойгу бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Оқил Оқилов - нахуствазири ин кишвар мулоқот кунад. Интизор меравад дар ин мулоқот раванди иҷрои мусавваботи нишасти ахири кумисюни муштараки Русияву Тоҷикистон дар умури тиҷорату иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирад. Тайи ду рӯзи ахир Сергей Шойгу дуввумин мақоми баландпояи русист, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе,12 апрел, Анатолий Чубайс - раиси ширкати Шабакаҳои воҳиди барқи Русия аз Тоҷикистон боздид кард. Зимни ин дидор оқои Чубайс аз маҳалли бунёди неругоҳи Сангтуда-1, дар 120 килуметрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон дидан кард ва дар Душанбе бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG