Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Чубайс баъд аз мулоқот бо Раҳмонов


Раиси ширкати воҳиди барқи Русия Анатолий Чубайс дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1, ки бо ширкати Русия дар рӯдхонаи Вахш бунёд мешавад, дар мӯҳлати таъиншуда ба поён хоҳад расид. Ба гуфтаи вай, дар аввалин агрегати нирӯгоҳ моҳи марти соли оянда ба гардиш хоҳад омад ва худи нирӯгоҳ 15-уми апрели соли 2009 ба тавлиди барқ дар ҳаҷми пурра шурӯъ хоҳад кард.
Чубайс дар ҳоле ки пас аз як мулоқоти дусоата бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ба саволи хабарнигорон посух медод, гуфт, сохтмон бо бархе аз мушкилҳо рӯбарӯст, аммо тарафҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки нақшаи бунёди нирӯгоҳ дар вақти худ иҷро шавад.
Иқтидори нирӯгоҳи Сангтӯда-1 670 мегават буда, солона 2,7 миллиард киловат/соат барқ тавлид хоҳад кард. Нархи он 482 миллион доллар тахмин мешавад, баландии сарбанди он 76 метр буда, 75 дарсади саҳмияҳои он моли Русия мебошанд.
XS
SM
MD
LG