Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Гурҷистон узрхоҳӣ кард


Кумитаи равобити хориҷии порлумони Гурҷистон хабар дод, ки Тоҷикистон барои пешниҳоди худ ба Русия дар бобати бо майи тавлиди Тоҷикистон иваз кардани май ва шаробҳои Гурҷистону Молдова, ки дар Русия мамнӯъ шудаанд, аз Гурҷистон узр хостааст. Ба гуфтаи раиси ин кумита Котэ Габашвили, бо ҳамин мазмун Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон ва Кумитаи равобити хориҷии порлумони Гурҷистон нома фиристодааст. Дар ин нома гуфта шудааст, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чунин пешниҳодро эълон кард, бархилофи хабарҳои матбуот корманди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нест ва эъломияи ӯ бо мавқеъи расмии ҳукумати Тоҷикистон пайванде надорад. Хабаргузории Кавказ-Пресс аз номаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чунин иқтибос кардааст, ки "Тоҷикистон ба усули коршарикӣ ва дӯстӣ бо Гурҷистон пойбанд аст ва чунин эъломияҳо муносибатҳои дуҷонибаро халалдор мекунанд."
Хабаргузориҳо рӯзи даҳуми апрел ба нақл аз Пирмаҳмад Достиев, ноиби мудири шӯъбаи тавлиди машрубот дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буданд, Тоҷикистон пешниҳод кардааст, метавонад, холигоҳеро, ки аз манъи фурӯши майи гурҷӣ ва молдовӣ дар бозори Русия ба амал омадааст, пур кунад. Ин изҳороти интиқоди шадиди мақомоти Гурҷистонро ба амал овард.
XS
SM
MD
LG