Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Одамони навъи 2"


шаҳри Маскав Созмонҳои ҳуқуқи башар дар Русия аз таҷдиди назар дар қонуни муҳоҷирати ин кишвар Русия беҳбудиеро интизор надоранд.

Гузориши Дафтари дидбони ҳуқуқи башар роҷеъ ба мушкилоти муҳоҷирати дар Русия дар як нишасти матбуоти дар Маскав муаррифӣ шуд. Дар ин нишасти матбуотӣ Александр Брод, раиси Дафтари дидбони ҳуқуқи башар, Владимир Мукомел, коршиноси ин дафтар, Лидия Графова раиси Анҷумани созмонҳои муҳоҷиратӣ ва Ҳасан Мирзоев, узви палатаи ҷамъиятии Русия ширкат карданд.
Владимир Мукомел мегӯяд, тарҳи қонуни муҳоҷират дар қироати севум дар порлумон ончунон таҳрир хоҳад ёфт, ки ба дарди муҳоҷирон намехӯрад. Ва мисли қонунҳои тасвибшудаи ахир норӯшан боқӣ мемонад. Вай мегӯяд: «Дар миёни мардуми Русия вазъияти пурихтилоф ба вуҷуд омадааст, ки муҳоҷирон одами навъи дувум ба ҳисоб меоянд. Мо ҳар рӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар Маскав, Петербург ва дигар шаҳрҳои Русия дигар миллатҳоро латукуб мекунанд. Фақат барои он ки пӯсти онҳо ё мӯяшон аз русҳо фарқ мекунад. Ин вазъият хело хатарок аст."
Лидия Графова, раиси Анҷумани созмонҳои муҳоҷиратӣ мутмаин аст, ки норӯшаниҳо дар қонуни муҳоҷирати ба нафъи кормандони пулис ва идораҳои муҳоҷират хоҳад буд. Вай мегӯяд: «Тоҷикон ба Русия барои он меоянд, ки оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон аз гуруснагӣ мемиранд, ва агар зиндагии онҳо дар ватани худашон хуб бошад, ҳаргиз ба Русия намеоянд»
Графова ёдовар шуд, ки Владимир Путин президенти Русия як сол пеш аз Думаи давлатӣ хоста буд, қонуни муҳоҷиратиро барои муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсуд осонтар кунанд, вале мо то ҳоли ҳозир мебинем, ки пешниҳоди президент иҷро намешавад.
XS
SM
MD
LG