Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиро гуфтан мумкин ва чиро на?


Ба сурати умум нашрияҳои ҳукуматии Тоҷикистонр дар шароити кунунӣ аз чопи матолибе, ки фаъолияти мақомоти ҳама сатҳи ҳукуматиро дар оинаи ҳақиқат инъикос мекунад, дидаву дониста худдорӣ меварзанд. Зеро агар фаразан, як нашрия дар бораи фаъолияти мақомот матолиби интиқодӣ чоп кунад, аз вазифа барканор кардани сардабир ва ё рӯзноманигори оддии он нашрия, муаллифи мақола барои мақомот кори душворе нест.
Аммо нашрияҳои мустақилро аз рӯ овардан ба мавзӯъҳои муҳим ва доғи рӯз чӣ бозмедорад?
Дар посух ба ин савол коршиносони маҳаллӣ ба ҷуз аз худсенсур ба омилҳои дигар низ ишора мекунанд. Ба назари Бобоҷони Икром, сардабири ҳафтавори мустақили «Вароруд» ҳадди ақал се омил ва ё сабаб вуҷуд дорад, ки журналисти расонаҳои Тоҷикистонро аз ба риштаи таҳлил кашидани мавзӯъоти доғи рӯзи кишвар боз медорад :
«Ҳанӯз ҳам асари сабки журналистикаи шӯравӣ дар кору эҷоди журналистони тоҷик эҳсос мешавад. Ин пеш аз ҳама дар якрангии инъикос ва тафсири воқеаҳои мардуми Тоҷикистон ба назар мерасад. Сабаби дигар, ҳарчанд рӯзноманигороне, ки ба мавзуъҳои ҷиддии рӯз даст мезананд, каманд, аммо онҳо ҳам аз самараи кори худ қаноатманд нестанд. Худи як ҳафтаномаи «Вароруд» дар муддати 5 соли ахир беш аз 200 мақолаи таҳлилӣ нашр кард. Вале мутаассифона, ин мавод дар ягон сатҳи органҳои давлатӣ мавриди баррасӣ, омӯзиш ва чораҷӯӣ қарор нагирифт. Яъне то кунун акси садо аз ҷониби ҳукумат ба гӯш намерасад, ки ин журналистонро то як андоза аз таълифи чизҳои ҷиддии таҳлилӣ дилмонда месозад.»

Бобоҷони Икром меафзояд, шояд бетафовутии мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ба матолиби таҳлилии нашрияҳо аз он маншаъ мегирад, ки ҳукумат як барномаи мушаххаси ҳамкорӣ бо васоити ахбори умуми кишвар рӯи даст надорад ва ба расонаҳои хабарӣ танҳо чун воситаи тарғибу ташвиқи худ нигаҳ мекунад.
Вале Нӯъмон Раҷабӣ, хабарнигори мустақили Суғд ду омили дигарро ба даҳонбастагии бештари рӯзноманигорони имрӯзи Тоҷикистон боис медонад : «Журналисти имрӯзи тоҷик маоши ночиз ва зиндагии паст дорад. Аз ин рӯ вақте ки рӯзноманигор дар бораи фаъолияти масалан, як корхона ҳам ки менависад, бо шартномаи расмӣ ва ё забонӣ аз он маблағ мегирад ва ӯ дигар маҷбур аст аз камбуду нуқсонҳо чашм пӯшад ва ба таърифу тавсифи коргоҳу сарвараш бипардозад. Аммо дар мавзӯъи фаъолияти мақомоти қудратӣ. Ба фикрам, дар ин маврид ҷасорати журналистии бештари рӯзноманигорони мо намерасад, ки ба инчунин мавзӯъ даст бизананд.»

Аммо Абдулмаҷиди Бобоҷониён - сардабири ҳафтавори мустақили «Суғд» дар Хуҷанд бар он аст, ки мавқеъи заъифи касбии журналистони Тоҷикистон сабаби дастбастагии онон дар инъикоси мавзӯъоти доғи рӯзи кишвар аст : «Журналистони соҳибқалам ва боистеъдод дар мо зиёд ҳастанд. Аммо рӯзноманигороне, ки мавқеъи мустаҳкам ва устувор доранд, каманд. Журналистоне, ки бо истифода аз Сарқонун ва қонунҳои дигари Тоҷикистон дар ҳар мавзуъ хоҳанд нависанд ва аз мавқеъи худ дифоъ кунанд.»

Дар ин маврид Нодира Мирсаидова, муаллимаи бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд меафзодяд, қисмати бештари журналистони расонаҳои Тоҷикистон ба таълифи мақолаҳои ҷиддии таҳлилӣ омодагии касбӣ надоранд.
Вале Мадина Сайфидинова, рӯзноманигори мустақил, намояндаи иттиҳоди рӯзноманигори мустақили Тоҷикистон - Нансмит дар Хуҷанд бо натиҷагирӣ аз назарпурсиҳои ин созмон мегӯяд, барои як рӯзноманигоре, ки мехоҳад имрӯз мақолаи ҷиддии таҳлилӣ иншо кунад, дарёфти факту рақам аз мақомот, идораву муассиса ва корхонаҳо ҳамчунон мушкили рақами як боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, мансабдорон одатан танҳо маълумот дар бораи пешрафту комёбиҳои худро дар ихтиёри хабарнигор мегузоранд ва камбуду нуқсонҳо дар фаъолияти худ ва идораҳояшонро аз рӯзноманигорон пинҳон медоранд. Аммо ӯ меафзояд, дар таҳти ҳимояти қонун қарор надоштани хабарнигорон ва набуди созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон низ корро то ҷое кашидааст, ки рӯзноманигори тоҷик бо роҳи худсенсур аз худ дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG