Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарабхонаи "Тоҷикистон" ба коми оташ рафт


Шаби чаҳоршанбе дар шаҳри Оренбурги Русия тарабхонаи "Тоҷикистон" ба коми оташ кашида шуд, ки дар асари ин як нафар ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи хабаргузории Regnum, 6 гурӯҳи оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса расид ва оташнишонӣ ҳудуди ду соат идома кард. Аммо аз банди оташ наҷот бахшидани тарабхона ва таҷҳизоти он муяссар нашуд. Хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад, ки бар асари сӯхтор як ҷавони 16 сола ба ҳалокат расидааст. Падари ӯ - корманди тарабхона ба маркази дармони сӯхтагии вилоят интиқол ёфт. Дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани онҳо алҳол иттилоъе зери даст нест.
Хабаргузорӣ бо такя ба гуфтаҳои мутахассисон иттилоъ медиҳад, ки тарабхонаи "Тоҷикистон" аз сӯи афроди номаълум ба оташ кашида шудааст. Айни ҳол қазияи бар асари беэҳтиётӣ рух додани оташсӯзӣ тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG