Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шри - Ланка мунтазири исми рақиб аст


Ин даста дар бозии нимниҳоӣ бегоҳи чаҳоршанбеи 12 апрел дар варзишгоҳи «МА Азиз»-и шаҳри Читтагонги Бангладеш бар тими миллии Непал пирӯз шуд. Вақти асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Ва бо задани зарбаҳои ёздаҳметра дастаи Шри-Ланка бо натиҷаи 5 бар 3 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, Шри-Ланка дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 16 апрел баргузор мешавад, бо ғолиби дидори дуввуми нимниҳоӣ- ё дастаи Тоҷикистон ва ё тими Қирғизистон рақобат мекунад. Воқиан, бозии тимҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳи панҷшанбеи 13 апрел баргузор мешавад. Ин дуввумин дидори ҳарду даста дар Ҷоми даъвати AFC мебошад. Маҳз баъди пирӯзӣ дар марҳалаи муқаддамотӣ бар тими Тоҷикистон бо натиҷаи 1 бар 0 футболбозони қирғиз умеди ба чаҳорякфинал баромаданро пайдо карданд.

Дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон ду сол муқаддам дар мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006 дар гурӯҳи шашум ду бозӣ анҷом додаанд: ҳарду дидор ҳам дар Бишкек ва ҳам дар Душанбе бо ғалабаи футболбозони тоҷик бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 ба поён расидааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги FIFA дар зинаи 141-ум ва тими Қирғизистон 18 зина поинтар -- дар ҷойи 159-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG