Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Лавров аз паёмадҳои нохуши истифодаи неру алайҳи Эрон ҳушдор дод


Русия ҳушдор дод, ки талошҳои аз тариқи истифодаи неру ҳал кардани қазияи барномаи ҳаставии Эрон паёмадҳои нохуш хоҳад дошт. Сергей Лавров - вазири хориҷаи Русия имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ин гуна талошҳо боиси пайдо шудани боз як манбаъи наву хатарноки нооромӣ дар Ховари Миёна мегардад. Сарвари идораи сиёсати берунаи Русия афзуд, ки имрӯз "қариб ҳама" кишварҳои Аврупо хостори ҳалли мусолиҳатомези қазияи барномаи атомии Эронанд.
Қаблан имрӯз Маскав аз Теҳрон даъват карда буд, ки ҳама гуна фаъолияти марбут ба ғанигардонии уран ва пажуҳиши барномаи ҳаставиро қатъ кунад. Ба гуфтаи Андрей Кривцов, намояндаи вазорати хориҷаи Русия, ғанигардонии уран аз сӯи Эрон хилофи тасмими Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ ва қарори Шӯрои амнияти Созмони милал аст.
Бегаҳи сешанбе Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон расман эълон намуд, ки кишвараш ба ғанигардонии уран муваффақ шуд. Дар як баёния аз тариқи телевизионии давлатӣ ӯ гуфт, Эрон акнун ба сафи кишварҳое ворид гардид, ки дорои текнолоҷии атомиянд.
Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аз он бим доранд, ки текнолоҷии атомиро Эрон дар тавлиди силоҳи ҳаставӣ истифода мекунад. Шӯрои амнияти Созмони милал ду ҳафта пеш бо қабули як эъломия аз Теҳрон даъват карда буд, ки тайи 30 рӯз аз ғанигардонии уран даст кашад ва ҳамкорӣ бо Оҷонси байналмилалии неруҳи ҳаставиро идома диҳад.
Ва аммо мақомоти Эрон мегӯянд, ки барномаи ҳаставии кишвар ҳадафи осошта дорад. Теҳрон ғанигардонии уранро ҳаққи мусаллами худ медонад ва мегӯяд, ки ин маводи сухтро фақат дар неругоҳҳои атомӣ истифода мебарад.
Баъд аз изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод Вашингтон изҳор намуд, ки Эрон "дар роҳи иштибоҳӣ гом мениҳад". Сухангӯи Кохи Сафед Шон МакКормак гуфт, ки мақомоти Иёлоти муттаҳида иқдоми навбатӣ дар баробари Эронро бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал ва Олмон баррасӣ хоҳад кард.
Сухангӯи канслери Олмон Томас Стэг гуфт, ки Берлин аз ғанигардонии уран аз сӯи Теҳрон нигарон аст. Иттиҳодияи Аврупо хабари дастёбии Эрон ба текнолоҷии атомиро "таассуфомез" хонд ва аммо гуфт, талошҳоро барои аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани баҳси барномаи ҳаставии Эрон идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG