Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Вашингтон гоми Эронро иштибоҳӣ хонданд


Русия аз Теҳрон даъват кард, ки ҳама гуна фаъолияти марбут ба ғанигардонии уран ва пажуҳиши барномаи ҳаставиро қатъ кунад. Андрей Кривцов, намояндаи вазорати хориҷаи Русия гуфт, ғанигардонии уран аз сӯи Эрон хилофи тасмими Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ ва қарори Шӯрои амнияти Созмони милал аст.
Ин изҳорот баъди он пахш шуд, ки рӯзи чаҳоршанбе Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон расман эълон намуд, кишвараш ба ғанигардонии уран муваффақ шуд. Дар як баёния аз тариқи телевизионии давлатӣ ӯ гуфт, Эрон акнун ба сафи кишварҳое ворид шуд, ки дорои текнолоҷии атомист.
Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аз он бим доранд, ки Эрон текнолоҷии атомиро дар тавлиди силоҳи ҳаставӣ истифода мекунад. Шӯрои амнияти Созмони милал ду ҳафта пеш бо қабули як эъломия аз Теҳрон даъват карда буд, ки тайи 30 рӯз аз ғанигардонии уран даст кашад ва ҳамкорӣ бо Оҷонси байналмилалии неруи ҳаставиро идома диҳад.
Ва аммо мақомоти Эрон мегӯянд, ки барномаи ҳаставии кишвар ҳадафи осошта дорад. Теҳрон ғанигардонии уранро "ҳаққи мусаллами худ" медонад ва мегӯяд, ки ин маводи сӯхтро танҳо дар неругоҳҳои атомӣ истифода мебарад.
Имрӯз Вашингтон низ ба думболи изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки Эрон "дар роҳи иштибоҳӣ гом мениҳад". Сухангӯи Кохи Сафед Шон МакКормак афзуд, ки Иёлоти муттаҳида иқдоми навбатӣ дар баробари Эронро бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал ва Олмон баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG