Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳин ба Кӯлоб бармегардад


Пайкараи Шамсиддини Шоҳин дар маҳаллаи кӯҳдомани шаҳр ва нимпайкараи Ашӯри Сафар дар маҳаллаи Навойи Пойин бояд барафрохта шаванд. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, бунёди пайкараи Шоҳин ҳамакнун оғоз шудааст ва ҳукумат барои он 75 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Музаффар Азизӣ - сардори бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии Вазорати фарҳанг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муаллифи пайкараи Шамсиддини Шоҳин - Аъло Шернаев ва муаллифи симои Шоҳин рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назар будаанд. Ёдовар мешавем, Шамсиддин Шоҳин дар синни наврасӣ ҳамроҳи волидайнаш аз Кӯлоб ба Бухоро кучид ва дигар бозгашт ба зодгоҳ муяссараш нашуд. Тибқи тарҳ, шоири тавоно дар пайкара тавре таҷассум ёфтааст, ки гӯё бори ахир ба диёраш назар медӯзад.
Оқои Азизӣ мегӯяд, ин ду пайкара ба гурӯҳи пайкараҳои ангуштшуморе шомиланд, ки расман барои бунёди онҳо иҷозатнома талаб кардаанд.
Ва аммо бунёди нимпайкараи Ашӯр Сафар то ҳанӯз зери суол қарор дорад. Дар мавриде, ки то ҷашнвора 5 моҳи дигар мондааст, то ҳанӯз 21 ҳазор сомонии барои пайкара ҷудошуда ба ҳайкалтарошон нарасидааст. Аз сӯи дигар, ҷои бунёди нимпайкара то ҳанӯз дақиқ нест. Файзи Ашӯр, фарзанди шоир ва раиси китобхонаи Ашӯр Сафар мегӯяд:

«Пешниҳодҳо ҳаст, вале ин амал ҳукми қонун наёфтааст. Зеро алъон маблағ нест. Бовар дорам, ки маблағ ҷудо мешавад ва ин нимпайкара дар муддати кӯтоҳ - то сентябри соли 2006 бунёд мегардад»»

Дар ҳамин маврид, дар ноҳияи Восеъ, воқеъ дар 18 километрии шаҳри Кӯлоб пайкараи Восеъ бунёд мешавад. Ва аммо, ба иттилоъи раёсати бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии Вазорати фарҳанг, мақомоти ноҳияи барои сохтани пайкараи Восеъ савори асп иҷоза нагирифтаанд. Солҳои ҳафтодум дар шаҳраки Восеъ ба ёди ин раҳбари ошуби мардумӣ муҷассамаи бузурге қомат афрохта буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG