Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти молии буҷаи Тоҷикистон


Дар се моҳи аввали соли равон ниҳод ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон ба буҷаи кишвар ба маблағи беш аз нӯҳ миллион сомонӣ зарар ворид сохтаанд. Кумитаи назорати давлатии молиявӣ рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти матбуотӣ эълом дошт, ки дар натиҷаи санҷиш ва тафтиши фаъолияти молиявии куллияи сохтору идораҳои давлатӣ - 6,9 миллион сомонӣ хароҷоти беасоси пулию молӣ, беш аз 300 ҳазор сомонӣ камомад ва 1,9 миллион сомонӣ зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ ошкор шудааст. Ҳамчунин, дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки маболиғи давлатӣ ва амволи арзишнок ба маблағи умумии 4, 2 миллион сомонӣ аз ҷониби раҳбарон ва масъулони бархе аз муассисаву корхонаҳо тасарруф шудааст. Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон хабар додааст, барои камбудиҳову норасоиҳо тақрибан панҷсад корманди ниҳодҳои давлатӣ ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта ва 16 нафар аз вазифа барканор шудаанд.
XS
SM
MD
LG