Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атфоли тоҷик фарзанди хориҷиён нахоҳанд шуд


Рӯзи чаҳоршанбе порлумони Тоҷикистон дар нишасти навбатии худ ба Қонуни оилаи кишвар тағйире ворид кард, ки тибқи он ба фарзандӣ хондани атфоли тоҷик аз ҷониби хориҷиён манъ мегардад. Дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон гуфта шуд, Эъломияи ҳуқуқи атфоли Созмони милал имкони ба фарзандӣ хондани атфолро аз ҷониби табааи хориҷӣ истисно намекунад, вале ин нукта дар Эъломия танҳо ба шакли тавсия омадааст. Як тағйири дигаре, ки дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи порлумон ба Қонуни оилаи Тоҷикистон ворид гардид, таъйини мушаххаси ҳуқуқи кӯдакон аст.
XS
SM
MD
LG